Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Туғрали зораму умрест ҳаводори туам,
Ҳамчу Мансури аналҳақ ба сари дори туам,
Рӯзу шаб аз дилу ҷон толиби дидори туам,
Гар парешонаму ошуфта, вале ёри туам!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба якбор гирифт?!

МУСАДДАС БАР ФАРДИ
ГУЛШАНИИ БУХОРОӢ

Гулшани даҳр, ки набвад гули айшаш ҷовид,
Ҳеч дар ғунчаи ӯ бӯи вафо кас нашамид,
Субҳи осоиши ӯ матлаи андӯҳ дамид,
Саҳар аз боди сабо сарсари1 бедод вазид.
Рӯзи ид асту ҳама шоду фараҳманд ба ид,
Ман ба ғам ҳамдаму сад марҳала аз ид баъид2.

Борҳо дар дили ман буд таманнои писар,
Лутф созад ба мани хаста Худованд агар;
Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,
Монд ҳасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.
Рӯзи ид асту ҳама шоду фараҳманд ба ид,
Ман ба ғам ҳамдаму сад марҳала аз ид баъид.

Шеваи ибни Халил сохта худ қурбон кард,
Нақди ҷон сохт гарав, рӯ ба суи ҷонон кард,
Ашки ҳасрат зи ғамаш бар рухи мо тӯфон кард,
Гулшаниро зи ғамаш булбули хушалҳон кард.
Рӯзи ид асту ҳама шоду фараҳманд ба ид,
Ман ба ғам ҳамдаму сад марҳала аз ид баъид.

1 Сарсар – боди тунд.
2 Баъид – дур, дастнорас.

пешина
аз 312
навбатӣ