Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба якбор гирифт?!

То нишастам ба раҳат баҳри таманнои висол,
Дида вақфи ту намудам шабу рӯзу маҳу сол,
Бе ҷамоли ту маро зиндагии даҳр муҳол,
Аз мани дилшуда як бор напурсидӣ ҳол!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба якбор гирифт?!

Чанд нолам зи гули рӯи ту чун булбули зор,
Ҳамчу парвона занам болу пари хеш ба нор?
Бурда савдои ту яксар зи дилам сабру қарор,
Ранги рухсори маро бину ба ҳолам раҳм op!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба якбор гирифт?!

Килки тақдир, ки тасвири ту мекард рақам,
Дар азал бо хати ӯ ман ба ту будам тавъам,
Доштам бар сари худ ишқи ту дар мулки адам,
Аз чӣ бисёр ба мо созӣ навозишҳо кам?!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба якбор гирифт?!

Гиряам аз ғами ҳаҷрат ба ҷаҳон тӯфон кард,
Шабнами ашк аз он ҷо ба сари мижгон кард,
Ҷӯши ин сели бало қасри дилам вайрон кард,
Оқибат доғи ту бо хок маро яксон кард!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба якбор гирифт?!

Ҷайби номуси маро субҳсифат чок задӣ,
Аз нигаҳ тири ғазаб бар дили ғамнок задӣ,
Ноз гуфтӣ, ба дилам ханҷари бебок задӣ,
Бурдӣ дар авҷу миёни ҳама бар хок задӣ!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба якбор гирифт?!

пешина
аз 312
навбатӣ