Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Такя ба алтофи ту дорем мо,
Ҷуз карамат нест дигар муттако.
Ҳодии худ худ шаву роҳе намо,
Кас набувад сӯи ту дигар ҳудо1.
Ҳар кӣ дар андешаи кори худ аст,
Ҷуз ту ҳама ҳомили бори худ аст.

Эй ки манам оҷизу маҳзуну зор
В-эй ки туйӣ ҳокими рӯзи шумор.
Номаи ман деҳ зи ямин, н-аз ясор,
То нашавам рӯзи ҷазо шармсор.
Охири кори ҳама охир туӣ.
Аввалу охир туйӣ, охир туӣ.

Кардӣ якеро ба ҷаҳон арҷманд,
В-он дигаре бекасу ҳам мустаманд.
Аз ту бувад ин ҳама пасту баланд,
Тобеи фармону ризои туанд.
Нест дигар чора ба ғайр аз ризо,
Ғайри ризо чора надорад қазо.

Туғраламу осию ҳам рӯсиёҳ,
Кор зи дастам шуда, ҳолам табоҳ.
Раҳм намо бо мани ғарқи гуноҳ,
Кист ба ғайр аз ту дар ин боргоҳ
Додраси ҳоли забуни ҳама,
Воқифи асрори даруни ҳама?

МУСАДДАСИ ТАРҶЕЪБАНД

Аз рухат ойина то лаззати дидор гирифт
В-аз нигоҳи дигарон ҷониби худ ор гирифт,
Хоки раҳ аз қадамат рутбаи гулзор гирифт,
Аз ту гулҳои чаман зинати дастор гирифт.

1 Ҳудо – раҳнамунӣ, ҳидоят.

пешина
аз 312
навбатӣ