Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нест ба ғайр аз дари ту ҳеч ҷо,
То ки барам бар дари ӯ илтиҷо.
Бо кӣ кунам даъвии ин моҷаро?
К-аш зи адам халқ намудӣ маро
Бо кӣ паноҳам, ки паноҳам туӣ,
Муштарии бори гуноҳам туӣ

Аз ту бувад қуббаи ин нуҳ фалак,
Бо ту бувад зикри давоми малак.
Он чи ки бошад зи само то самак,
Ҷумла гувоҳанд туро як ба як.
Шоҳиду исботи вуҷуди туанд,
Муътарифи буд зи буди туанд.

Холиқи ашё набувад ҷуз ту кас,
Нест ба ғайр аз ту касе дастрас.
Он чи аён аст зи боли магас,
Маърифати зоту сифоти ту бас.
Нест чу ҳоҷат ба гувоҳи дигар,
Сӯи туаш ҳодии роҳи дигар.

Орази шаб кардӣ чу рӯям сиёҳ,
Равшании рӯз бад-ин дастгоҳ.
Қисмати мушрик шуда аз меҳру моҳ,
Зулмату зав1 ҳар ду ба зотат гувоҳ.
Эй шабу рӯз аз ту сиёҳу сафед
В-эй ҳамаро аз ту раҷову умед!

Оҳ аз он рӯз, ки будам адам,
Фориғу осуда зи андӯҳу ғам.
Баҳри вуҷудам ту кашидӣ қалам,
Эй ду ҷаҳон аз қаламат як рақам.
Кист, ки гӯяд ба ту чуну чаро?
Чуну чаро нест дар ин моҷаро.

1 Зав – равшанӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ