Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биё, ки гирди сарат гардаму тавоф кунам,
Ҳар он чи кардаӣ дар ҳаққи ман, муъоф кунам!

Чу офтоб ту аз сояам намудӣ ор,
Зи ман буридию гардидӣ ҳамдами ағёр,
Напурсӣ ҳоли дили хастаи маро як бор,
Дар интизори қудумат ду дидаам шуд чор!
Биё, ки гирди сарат гардаму тавоф кунам,
Ҳар он чи кардаӣ дар ҳаққи ман, муъоф кунам!

Намерасӣ зи чӣ рӯ сӯи Туғрали маҳзун?!
Чу ғунча аз ғами ишқи ту гаштаам дилхун!
Ту он маҳӣ, ки ба хубӣ зи Лайлиӣ афзун,
Манам, ки гаштаам имрӯз шуҳра бо Маҷнун!
Биё, ки гирди сарат гардаму тавоф кунам,
Ҳар он чи кардаӣ дар ҳаққи ман, муъоф кунам!

ТАРҶЕБАНД ДАР МУНОҶОТ

Эй на азал гашта туро ибтидо
В-эй на абад зоти туро мунтаҳо!
Эй барӣ аз хонаву фарзанду ҷо,
Будию ҳастӣ, напазирӣ фано.
Нест касе воқифи асрори ту,
Ҷуз ту надонад дигаре кори ту.

Эй карамат шомили ҳоли ҳама,
Аз ту бувад нақсу камоли ҳама.
Медиҳӣ аз ғайр суоли ҳама,
Рӯзии ҳар рӯзу наволи1 ҳама.
Вақти карам литфи ту яксон бувад,
Гар ҳама тарсову мусалмон бувад.

1 Навол – насиб.

пешина
аз 312
навбатӣ