Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биё, ки гирди сарат гардаму тавоф кунам,
Ҳар он чи кардаӣ дар ҳаққи ман, муъоф кунам!

Чӣ гуфтамат, ки чу тир аз камони ман ҷастӣ?!
Чӣ кардамат, ки диламро зи хори ғам хастӣ?!
Чӣ дидиям, ки рамидию аз барам растӣ?!
Чӣ шуд, ки соғари паймону аҳд бишкастӣ?!
Биё, ки гирди сарат гардаму тавоф кунам,
Ҳар он чи кардаӣ дар ҳаққи ман, муъоф кунам!

Нагуфтӣ он, ки туро дилбари вафодорам,
Ҳама гузораму лекин туро набигзорам,
Ҳамеша бо ту анису ҷалису ғамхорам,
Ба теғи ҳаҷр намудӣ кунун дилафгорам,
Биё, ки гирди сарат гардаму тавоф кунам,
Ҳар он чи кардаӣ дар ҳаққи ман, муъоф кунам!

Хуш он замон, ки ту будию ман, набуд касе,
Ба боғи васли ту маҳрам набуд хору хасе,
Ба хоҳиши дили маҷрӯҳи хеш мултамасе
Ҳаменамудаму мабзул1 буд ҳар нафасе,
Биё, ки гирди сарат гардаму тавоф кунам,
Ҳар он чи кардаӣ дар ҳаққи ман, муъоф кунам!

Паривашо, ту маро роҳати равон будӣ,
Ба сони шакли алиф андаруни ҷон будӣ,
Чу сурати парӣ аз чашми бад ниҳон будӣ,
Ба ман зи ҳуққаи лаълат гуҳарфишон будӣ.
Биё, ки гирди сарат гардаму тавоф кунам,
Ҳар он чи кардаӣ дар ҳаққи ман, муъоф кунам!

Куҷо шуд он ҳама паймону аҳду савгандат?!
Чӣ шуд ҳаловати лаъли лаби шакархандат?!
Бигӯй, баҳри чӣ аз ман буридӣ пайвандат?!
Марав, марав, ки ба ҷон ҳастам орзумандат!

1 Мабзул – бахшидашуда.

пешина
аз 312
навбатӣ