Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Савсан аз тарзи адоят маҳв гашту лол шуд,
Ғунча аз хандидани лаъли лабат беҳол шуд,
Аз такаллум карданат тунги1 шакар помол шуд,
Дар чаман, эй шӯх, афкандӣ ту ошӯби дигар!
Кофари он наргиси афсунгари беморатам,
Зойири бутхонаву ҳам толиби зунноратам,
Дил макан аз ман, ки, эй бадмеҳр, ман даркоратам,
Куштаи мижгони нозу мардуми хунхоратам,
Аз раҳи шафқат, Худоро, бар сари хокам гузар!
Ғайрро бо рағми ман сармасти ҷомат мекунӣ,
Бар сарам ҳар лаҳза теғи бенаёмат мекунӣ,
Шӯру ғавғои қиёмат аз қиёмат мекунӣ,
Сулсулу дурроҷро акнун ғуломат мекунӣ,
Баски набвад ҳеч нахле чун қадат бозебу фар!
Лимуи сафрои ман бошад турунҷи ғабғабат,
Қути ҷону қуввати дил шавқи ёқути лабат,
Рӯзи ҳиҷронам сияҳ аз дурии зулфи шабат,
Фанни зулм омӯхт устоди ту андар мактабат,
Ҳоли бадомӯзи ту бодо зи ҳоли ман батар!
Гул қабои хешро сад чок зад аз рӯи ту,
Хун шуд андар нофи оҳу мушк аз гесӯи ту,
Шуълаи ҷаввола2 хокистар шавад аз хӯи ту,
Рашк ояд боғи ҷаннатро зи хоки кӯи ту!
Маҳрами хоки дарат дорад зи сад ҷаннат гузар!
Дарси эҳё аз Масеҳо лаъли ҷонбахшат барад,
Пардаи хуршедро анвори рухсорат дарад,
Гар Зулайхо ҳусни ту бинад, зи Юсуф бигзарад,
1 Тунг – зарф.
2 Ҷаввола – мавҷзан, печон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо