Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Кӯҳкан бо ёди лаълат ҷони ширин биспарад,
З-он ки бошад лаъли Ширини ту ширин аз шакар!
Ман аз он рӯзе, ки бо қайди ҷунун побастатам,
Аз майи ҷоми муҳаббат то қиёмат мастатам,
Ҳамчу моҳӣ дар муҳити ғам ба қайди шастатам,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, ҳамон кун, бандаам, дар дастатам,
Хешро таслим кардам бо ту аз по то ба cap!
Арғавонзори ҷамолат гар даме шӯхӣ кунад,
Шоҳиди гул аз хиҷолат ҷомаро бар тан дарад,
Мардуми чашмат ба тири ғамза оҳу мезанад,
Назми Туғрал бас бувад бо даъвии ҳуснат санад,
Баски хубонро ҳамеорад ба хубӣ дар назар.
То сияҳ шуд лола аз дуди чароғи ғам дилаш,
Аз ситамҳои ту охир шуд ба саҳро манзилаш,
Кардӣ бо теғи ҷафо, эй бемурувват, бисмилаш,
Ҳар кӣ дилро дар ҳавоят дод, ин шуд ҳосилаш,
Кард аз дасти ту андар гӯшаи узлат мақар.
МУХАММАС БАР
ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
Чанд теғи зулмро аз куштанам хунин кунӣ,
Дам барои қатлам оию даме тамкин кунӣ,
Аз чӣ мурғи дил ба доми турраи мушкин кунӣ,
То кай, эй дилбар, дилам бе мӯҷибе ғамгин кунӣ?
Гиряҳои талхи ман бинию лаб ширин кунӣ?!
Хок шуд ин қолаби афсурда дар роҳи талаб,
Коми ҷон ҳосил нашуд бо ман зи лутфат ҷуз ғазаб,
Гоҳ хурсандӣ зи ман, гоҳе биранҷӣ бесабаб!
Гуфтаӣ: «Ҷонат ба коми дил расонам ё ба лаб?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо