Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дам ба дам аз накҳатат боди сабо орад ба ман,
Қомати зулфи кажат бишкаст бозори чаман,
Аз хиҷолат cap ба зер афканд сарву ёсуман,
Аз саводи наргисат бепарда шуд мушки Хутан,
Тори гесӯи ту сунбулро парешон карду рафт.

Аз фироқат лаълу ёқуту садаф дарё гирифт,
Булбул аз шавқи гули рӯят чаман маъво гирифт,
Оҳу аз шасти хадангат домани саҳро гирифт,
Ҳар кӣ аз майхонаи чашми ту як саҳбо гирифт,
Ҳамчу Маҷнун умрҳо cap дар биёбон карду рафт.

Лаб ба зикри мадҳи ту зебо тараннум мекунад,
Ғунчаи табъам ба тавсифи ту, ҷоно, бишкуфад,
Қоматам аз лоғарӣ чун бед ҳар сӯ мехамад,
Инчунин раъно туро кардаст султони аҳад,
Хомаи тақдирро хатти ту ҳайрон карду рафт!

Раҳм кай дорад ду абрӯят зи қатли мардумон,
Ханҷари мижгони ту сад рахна зад бо қалбу ҷон,
Мерабояд ҳушам аз cap мардуми чашмат чунон,
Мекашад зуннори зулфат дин зи дастам ҳар замон,
Кишвари мулки вуҷудам кофаристон карду рафт!

МУХАММАС

То ба боғи ҳусн нахли қоматат шуд ҷилвагар,
Шохи тӯбӣ гашт аз бори хиҷолат пурсамар,
З-оташи ғам сӯхт қумриро саропо болу пар,
Сарву шамшоду санавбар пеши пот андохт cap,
Чашми наргис шуд ба сӯи бодаи ҳайратасар.

Сунбул аз зулфи чалипоят парешонҳол шуд,

пешина
аз 312
навбатӣ