Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Магӯ дарси румузи ишқро, Туғрал, агар донӣ;
Ба домони хаёли ин хасон то кай гулафшонӣ?!
Нафаҳмад зоҳид аз мазмуни ин асрори пинҳонӣ,
Хавоси ишқ бар осудагон, Нозим, чӣ мехонӣ?!
Ғубори ҷабҳа медонад сари бедард сандалро!

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ ҚУРБӢ

Кош бибинам чу гул ман ба чаман ёрро,
Арзи тамошо диҳад ҷилваи рафторро,
Маҳви таҳайюр кунад ӯ дару деворро,
Оҳ, аз он дам, ки ман қомати дилдорро
Ҷой диҳам чун нигаҳ дидаи хунборро!

Ҳамчу гули рӯи ӯ нест гуле дар чаман,
Нест чу қаддаш дигар шамъи таҳайюрлаган,
Тарзи хиромаш бувад фитнаи ҳар марду зан,
Мусҳафи рухсори ӯ ҳини тамошо ба ман
Ояти машъалнамост нуктаи асрорро.

То зада бар оразаш ҳалқа ду зулфи накӯ,
Дарси ғамаш хондаам шонасифат мӯ ба мӯ,
Сӯзани фикраш кунад чоки диламро руфӯ,
Бар сари ман хок беҳ, хоки кафи пои ӯ
Куҳли1 таманно бувад дидаи ағёрро!

Сарв набошад ба боғ чун қади ӯ як қалам,
Хаста зи рухсори ӯ гул ҷигар аз хори ғам,
Ёфт зи оҳам магар парчами ишқаш алам,
Шаб ба фироқаш басе нола задам аз карам,
Ҳотами ашкам намуд симу зар эсорро!

1 Куҳл – сурма.

пешина
аз 312
навбатӣ