Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Туғрал, аз рамзи лабат як нукта ифшо мекунам,
Шӯрише дар арсаи таҳқиқ барпо мекунам,
Ҳуҷҷате ман аз хати лаълат ҳувайдо мекунам,
Дар миёни шоирони мулк даъво мекунам,
Шоҳидам бошӣ ту, набвад ҳоҷате исботро!
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ НОЗИМ
Надорад боби сарлавҳи китоби ишқ ҷадвалро,
Парешонӣ бувад ҷамъийят ин даври мусалсалро,
Чӣ мепурсӣ зи Маҷнун нуктаи дарси мутаввалро,
Муҳаббат бо ҷунун якранг созад ақли аввалро,
Ба фикри шолпӯшӣ афканад тасвири махмалро!
Шукӯҳи баҳри раҳмат аз гуноҳи осӣ афзояд,
Дари ин ганҷи шафқат ҷуз калиди ҷурм накшояд,
Сазовори тараҳҳум ҳар киро исён фузун ояд,
Ба тақсире хилофи ваъда аз лутфаш намеояд,
Кӣ мегардонад аз роҳи нузул оёти мунзалро?
Хаданги дӯст дар чоки дили ошиқ руфӯ1 бошад, Дар ин тоат гар аз худ дасти худ шӯӣ, вузӯ бошад, Вагарна бода хоҳӣ, дархури мино сабӯ бошад, Заифонро зиёд аз сарфарозӣ обрӯ бошад, Ба ҷӯш оварда қурби шамъи маҳфил дуди машъалро.
Барои ваҳми исён хешро ҳар дам чӣ озорӣ?!
Ҳамон беҳтар, ки ин андешаро аз дил бурун орӣ,
Ба назди ҳимматаш ҷурми ману ту нест миқдоре,
Машав пок аз гунаҳ, гар орзуи мағфират дорӣ,
Ки лутфе нест бо ойинаи безанг сайқалро!
1 Руфӯ – ислоҳи ҷома, дарбеҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо