Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

М У С А М М А Т О Т

МУХАММАСОТ

МУХАММАС

Сарнавишти ҷабҳа медонем нақши потро,
Қисмати тақдир мехонем мо ғамҳотро,
Боиси шӯри қиёмат қомати раънотро,
Равнақи бозори шаккар хандаи лабҳотро,
Ноиби Исои Марям лаъли рӯҳафзотро!

Қомататро норван сармашқи озодӣ кунад,
Абруятро моҳи нав иқрори устодӣ кунад,
Наргисатро мардумак таълими бедодӣ кунад,
Ишваат бо сад фусун оҳанги сайёдӣ кунад,
Алғараз, холӣ надидам аз ҳунар як ҷотро!

Гар хиромад сарви озодат ба гулгашти чаман,
Шохи тӯбо бишканад, аз по дарояд норван1,
Хун шавад мушк аз хатат дар нофи оҳуи Хутан,
Гул дарад аз оразат ҷайби қабову пираҳан,
Офарин, эй мири хубон, ҳусни беҳамтотро!

Дар бисоти оразат нарди тамошо бохтам,
Аспи нокомӣ ба роҳат ман зи фарзин сохтам,
Ҳалқаи доми ғуломиро ба гӯш андохтам,
Чун пиёда дар рикоби тавсанат метохтам,
Аз карам як раҳ накардӣ, шоҳи ман, рухмотро.

1 Норван – дарахти серсоя.

пешина
аз 312
навбатӣ