Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳо, ба Худо, ки ту худомонандӣ
Дар байни шаҳон ба мунтаҳои меъроҷ.
Аз баҳри ҷулуси шаҳ ба тахти Тӯрон
Бо пири хирад басе намудам идроҷ1.
Гуфто, ки «хирад ҷулуси шаҳ», аз ин шаҳ
Бо шаръ ба миллати бадин бод ривоҷ!

ҚИТЪАИ ТАЪРИХИ ИТМОМИ ДЕВОН

Эй бод, агар гузаштӣ бар хоки кӯи Бедил,
Зинҳор мерасонӣ бо ӯ саломи Туғрал.
Баъд аз салом гӯяш, к-эй шоҳи мулки маънӣ,
Бодо қабули самъат яксар паёми Туғрал.
Кас аз пайи ту з-ин раҳ дар кишвари сухан рафт,
З-он рафт дар замона ҳар сӯй номи Туғрал.
Сити2 каломаш акнун бигрифт Қоф то Қоф,
Мазмуни сайди ваҳшӣ гардид роми Туғрал.
То он ки гашт Туғрал аз ҷон ғуломи Бедил,
Дар мулки назм гашта халқе ғуломи Туғрал!
Ҷовид метавон буд саргарми айши маънӣ,
Гар ҷуръае ба комат ояд зи ҷоми Туғрал.
Бигзаштаам зи хомӣ, шогирди пухтагонам,
Аз ҳақ назиҷ3 бодо пайваста хоми Туғрал!
«То»-яш зи тӯтии нутқ, «ғайн»-аш зи ғунчаи дил,
«Ро»-яш зи ранги гулшан в-аз лутф «лом»-и
«Туғрал».
Аз пири ақл ҷустам соли тамоми девон,
То шаҳди маъниеро резад ба коми Туғрал.
Дар баҳри фикр ақлам зад ғӯта ҳамчу гавҳар,
Об аз адаб кашиду гуфто: «Каломи Туғрал!»

1 Идроҷ – дарҷ кардан.
2 Сит – овоза, шуҳрат.
3 Назиҷ – пухта, расида.

пешина
аз 312
навбатӣ