Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МАСНАВИЁТ

СОҚИНОМА

Биё, соқӣ, эй муқтадои тараб!
Биё, эй ту домоди бинтулинаб!1
Дили мурдаамро ба май зинда кун,
Ки аз шӯри мастӣ бигӯям сухун!
Биё, соқӣ, эй обу ранги баҳор,
Биё, эй Фалотуни ҳикматшиор!
Ба маъҷуни раз кун диламро қавӣ,
Ки номаш бувад шарбати исавӣ.
Биё, соқӣ, эй офтоби карам,
Ки бе бода умрест дарди сарам!
На сандал ба дафъи хумораш давост,
Маро ҷуръае май беҳ аз кимиёст!
Биё, соқӣ, ҳангоми нӯши май аст,
Баҳори тарабро хазон дар пай аст!
Тағофул макун, баски даврони дун
Ба як дам кунад айши моро забун!
Биё, соқӣ, боби муғон боз кун,
Ба риндони махмур овоз кун,
Ки майхона бикшод пири сахо,
Расад, ҳар кӣ нӯшад зи шоҳу гадо!
Биё, соқӣ, маъҷуни оташмизоҷ,
Ки ҷуз ӯ ба дардам набошад илоҷ.
Худоро, дили реши ман кун даво,
Ки афтодагонро туӣ раҳнамо!

1 Бинтулинаб – духтари ангур; май.

пешина
аз 312
навбатӣ