Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кунун ки арзи маро нолаву сабо бо ҳам
Расондаанд якояк ба хоки он дарбор,
Маҳалли он, ки фиғон бозгирам аз сари нав
Ба сони булбули шӯрида нола дар гулзор.
Надида дурри садаф дар ҷаҳон касе чун ту
Бад-ин латофату хубит як дури шаҳвор!
Аз он замон, ки ман аз васли ту шудам маҳрум,
Занад забона дилам з-оташи ғами ту шарор.
Аз он ки толиъи бад ҳамраҳи ман аст ҳар ҷо,
Ҳамеша ҳосили иқболи ман бувад идбор.
Макун шикоят аз ин чархи нилгун, Туғрал,
Ки нест ғайри тазаллум бар ин сипеҳр мадор!

ДАР МАДҲИ МИРИ СИЁДАТПАНОҲ
МИРЗО ТӮРАХОҶАИ СУДУР –
ВОЛИИ ВИЛОЯТИ КЕШ1

Ҳаббазо, масрур созам хотири ғамкешро,
Арза дорам бо ҷаноби мир арзи хешро.
Арзи аҳвол ин ки эй мири сиёдатинтисоб,
Нисбати зотист бо ту бандаи дилрешро.
То расида мақдами неки ту андар Шаҳрисабз,
Кас намеорад ба хотир ҳокимони пешро.
Гулситони Кешро гул пеш аз ин пажмурда буд,
Обу ранги тоза бахшида ту шаҳри Кешро.
Эй ки ҳар шому саҳар орад барои обхур
Адлу инсофи ту дар як чашма гургу мешро.

1 Ин вилоят акнун «Қашқадарё» ном дорад, ки баргирифта аз
«Кешрӯд»-и форсӣ аст

пешина
аз 312
навбатӣ