Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ба нӯги сӯзани мижгон агар канӣ сад чоҳ,
Бараҳна з-оташи сӯзон кунӣ агар ту гузор;
Ҳазор назди ту з-ин гуна пеш агар ояд,
Беҳ аст ҷумла зи ҳиҷрони фурқати дилдор!
Агар ба сайри сари кӯи ӯ мақом кунам,
Ҳаловати сари он кӯй беҳтар аз гулзор!
Дар ин диёр, ки ин дам мусофирам бе ӯ,
Аз он диёр, Илоҳо, ба ин диёр биёр!
Агар на қуввати ҷазби ҷамоли ӯ, накашад
Бибаста пои маро ҳалқаи дусад мисмор!
Аз он ки боби висолаш маро шуда масдуд,
Ба сӯзи меҳнати ӯ шукр кардаам ночор!
Қазо ба рӯи мани мустаманд басту кушод
Дари ҳузуру ҳаловат, дари ғаму озор!
Ба зикри номи хушаш аз даҳан шакар резад,
Забон ба васфи камолаш чу теғи ҷавҳардор.
Васийяти мани дилхастаро қабул оред:
Рақам кунед ба лавҳам, ки «ин-т ошиқи зор!»
Куҷо зи хоки мазорам дамад ба ҷуз лола,
Зи баски доғи дили ман бувад бурун зи шумор?
Савои лолаву гул дигаре шавад пайдо,
Яқин, ки чашм ба роҳи вай аст наргисвор.
Ту, эй фиғон, ба сари кӯи ӯ расӣ, аз ман
Бигӯй, ҳар чӣ бидидӣ, ба ӯ ба сад зинҳор,
Ки аз ғами ту чу ойина маҳви ҳайронист,
Ба ҳайрат аст зи ҳаҷрат чу сурати девор!
Аҷаб мадор, гаҳ аз оташи дили худ ар
Бисоти хеш бисӯзонад ӯ мисоли чинор!
Чунон зи ишқи ту саргашта аст, пиндорӣ,
Ки ҳамчу нуқта фитода ба ҳалқаи паргор!
Сабақ зи ҳоли парешони ӯ барад сунбул,
Сиёҳ рӯзу шабаш ҳамчу нофаи Тотор!
Ба ёди хандаи лаъли ту он қадар нолад,
Равад зи дида басе ашки ӯ қатор-қатор.
Манам, ки нолаи ӯям ба гӯшат, эй дилбар,
Расидаам, ки шавӣ то зи ҳоли ӯ ҳушёр!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо