Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Биё, соқӣ, олам надорад мадор,
Ҳамон бодаи соф аз хум барор,
Ки бо ҳам бинӯшему айше кунем,
Замоне зи андӯҳу кулфат раҳем.
Биё, соқӣ, муштоқи рӯи туам,
Асири хами ҷаъди мӯи туам!
Муҳайёст асбоби базму тараб,
Ба ҷуз рашҳаи1 шавқи моъи инаб.
Биё, соқӣ, эй садри маҷлиснишин,
Туро мулки хубӣ ба зери нигин!
Туӣ бонии тоқи қасри муғон,
Туӣ ҳукмрони хароботиён!
Биё, соқӣ, эй оразат бӯстон,
Лабат барги гул, чеҳраат арғавон.
Зи зулфат биёшуфта сунбул ба боғ,
Зи рухсори моҳат шуда лола доғ!
Биё, соқиё, ҷон фидои туам,
Ту шоҳӣ ба Муғ, ман гадои туам!
Расидам ба дарбори майхонаат,
Бидеҳ ҷуръае май зи паймонаат.
Биё, соқиё, офтобо, маҳо,
Фалакрутба, маснаднишино, шаҳо,
Ки аҳди баъидест, бебодаам,
Зи шодӣ басе дур афтодаам!
Биё, соқӣ, эй обрӯи муғон,
Биё, эй ту матлуби пиру ҷавон!
Маро кард андешаи даҳр пир,
Ҷавон соз бо бодаам, даст гир!
Биё, соқиё, навбаҳорам расид,
Ба тарфи чаман сарв cap баркашид!
Чу бо сояи сарву дар пои ҷӯ,
Ба ман деҳ зи сарҷӯши май як сабӯ!
1 Рашҳа – чакра, оби дар ҳоли таровиш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо