Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Туғрал дар қасидасаройӣ суннатҳои адабиёти классикӣ, махсусан, анъанаҳои эҷодии Анварию Қоонию Хоҷуро давому ривоҷ дода, дар навбати худ, дар тани қасида рӯҳу даму нафаси айёмашро дамондааст.
Ғазал аз анвоъи шеърии мақбулу маҳбубтарини Туғрал буда, қисмати асосии лирикаи ӯро ташкил медиҳад ва шоир дар ин ҷода дастовардаҳои ғазалсароёни бузурги форсизабон Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Бедил, Нозим, Шоҳин ва дигаронро манбаъи ибрату мактаби назираву тазмин қарор дода, дар олами беканори ғазалсароӣ нақши худро гузоштааст.
Бояд иқрор кард, ки Туғрал дар тарзи ғазалгӯйӣ бештар ба сабку услуби халлоқулмаъонӣ Бедил иттико варзида, вазну қофияву қолабу образҳои шеърии ӯро бештар аз дигарон манбаъи эҷоду мабдаъи илҳом қарор додааст. Аммо, бо ин ҳама, ба таъбири Устод Айнӣ, «истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаъидди болоравӣ буд» ва ғазалиёти берун аз асорату тақлиди Бедил офаридааш зиёдтару қобили таваҷҷуҳанд.
Аслан, Туғрал фаъолияти эҷодӣ (ғазалсароӣ)-ро бидуни таъсиру тақлиди бевоситаи Бедил оғоз намуда, ба ҷодаи мустақилу мустақими ҳунарварӣ қадам ниҳодааст. Аз ин ҷиҳат, андешаи зерини академик Абдулғанӣ Мирзоев асоси илмӣ дорад, ки дар аснои тавсифи дафтари мусаввадаи Туғрал иброз доштааст:
«Бисёрии шеърҳои чопшудаи шоир дар услуби Бедил намебошад ва чунин маълум мешавад, ки Туғрал дар аввали марҳалаи шеърсаройии худ аз услуби Бедил – «сабки ҳиндӣ» дур воқеъ шуда, ба ин услуб баъдтар қадам гузоштааст».
Гузашта аз ин, дар охири чанд ғазал аз Бедил ном бурдану иқтибос овардану дар татаббуъи вай изҳори матлаб намудани Туғралро падидаи тақлидкории маҳзи шоир пиндоштан амре ғалат аст. Ин унсури эҷодиро як навъ приёми адабӣ ва хусусияти хоси усули фардии Туғрал бояд донист, зеро ӯ, зоҳиран, дар танзиму пайравии Бедил сухан гӯяд ҳам, фикри худу андешаи худ, дарди худу дармони худ, омоли худу армони худ ва шахси худу инсони худро мустақилона баён месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё