Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
«Соқинома»-и Туғрал дар мавзӯъу мазмуни анъанавӣ ва дар ҷавоби «Соқинома»-и Бедил гуфта шудааст.
Манзумаи «Наврӯзнома» дар асоси донишу таҷрибаву мушоҳидоти деҳқонии гузашта дар кадом сол чӣ гуна омадани обу ҳавову кишту ҳосилро дар либоси бадеъӣ пешниҳод мекунад. Ҳамчунин, Туғрал ба унвони «Арза»
ду-се маснавии кӯчаке дорад, ки ба сабки номаи манзуме ба нишони ёр иншо гаштаанд ва дар онҳо ҳасби ҳолу шӯру шарару умеду армони дилдор ифшо ёфтааст.
Қисмати ағлаби қасидаҳои шоир асосан дар панду насиҳату мадҳи муқаррарӣ таълиф гардида, то андозае нийяту орзуҳои идеалӣ ва манзараҳои муҳити атрофу рӯзгори шахсии ӯро ҳам пеши назар меоранд.Қисмати дигари қасидаҳо ба тасвири симои аҳли шеъру адаб бахшида шуда, дар онҳо фикру андешаҳои пурсамари адабӣ-эстетикии Туғрал ифода ёфтаанд ки як навъ навоварии шоир дар олами қасидасаройист.
Шоир дар ин гуна қасоид амирону амалдорони замонро ба адлу инсоф, касби хираду маърифат, рифоҳи халқу мамлакат ва ҳимояи аҳли ҳунар бархонда, минҷумла, дар қасидае ҳокими даврро кушоду равшан дар тарбият накардани «аҳли камол» ва риоят накардани қавоиди шариат гунаҳкор медонад ва дар ин ҷода аз Алишери Навойӣ сабақ гирифтанашро тақозо менамояд:
Он ки туйӣ соҳиби девони шаҳ,
Ҷуз ту дигар соҳиби девон куҷост?!
Аз пайи осоиши ислому дин
Ин ҳама тадбиру мусово куҷост?!
Бин, ки Алишери Навойӣ чӣ кард,
Булбули бисёр аз ӯ дар навост!
Буд дараш маҷмаъи арбоби фазл,
То ба кунун аз карамаш қиссаҳост...
Пас, зи чӣ рӯ менакунӣ тарбият,
Ай ки туро давлати бемунтаҳост!?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё