Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо барги рухсори гулат, эй гулбадан, хорам макун!
Нози ғаматро лоиқам, сӯзону дар норам макун!

Озурдаи ишқи туам, н-озору зориро бибин,
Зоре чу ман кам бошадат, бисёр озорам макун!

Сар бохтам ман бо сарат, сарро нагирам аз дарат,
Сардори ишқи бесарам, сардори сардорам макун.

Тӯли каманди кокулат дастам зи дин кӯтоҳ кард,
Бо хоки поят, эй санам, ҷуз зулф зуннорам макун!

Ҷайби қабо кардам қабо, якбора аз пайғоми ту,
Монанди аҳвалтинатон ду дидаро чорам макун.

Омӯхтам дарси ғамат, пур шуд маро дар сина ғам,
Дар синаи ман шуд ғамат, дар сина такрорам макун.

Наврас гуло, бо оразат дил додаму орӣ шудам,
Монанди холи оразе аз бедилӣ орам макун.

Ман Туғрали зори туам, ёрам, на ағёри туам,
Эй ёр, агар ёри манӣ, дар силки ағёрам макун!

Эй ҷафоҷӯ, андаке қалби маро тафреҳ кун,
Дар машомам аз шамими турраат тарвеҳ кун.

Эй камонабрӯ, ба тири ғамза афкандӣ маро,
Сайди худ магзор бо ғайру накӯ ташреҳ кун.

Ҳамчу ман имрӯз ҳар кас лофи ишқат мезанад,
Нусхаи лавҳи дили ушшоқро тасҳеҳ кун.

Дил ба иқди зулфи мушкинаш агар хоҳӣ гарав,
Ин муамморо ба номи он парӣ тавшеҳ кун.

Гар туро бошад таманнои ҳавои ишқи ӯ,
Рав, иёри хешро аз муддао танқеҳ кун.

Мушкилоти дарси ишқи ёр мехонӣ ҳаме,
Асли мақсадро зи устоди ҷунун тавзеҳ кун.

Субҳи матлаб орзу дорӣ магар аз васли ӯ?
Шоми ҳиҷронро шумори донаи тасбеҳ кун!

Эй ки хоҳӣ обрӯи дину дунё ёфтан,
Ҷуз сулуки ишқ дигар шеваро тасреҳ кун.

Гар намехоҳӣ, ки гардад шуҳрати номат баланд,
Бикри маъниро ба домоди сухан танкеҳ1 кун.

Гарчи набвад бар дарат ушшоқ дар силки сагон,
Туғрали ошуфтаро аз дигарон тарҷеҳ кун.

1 Танкеҳ – никоҳ.

пешина
аз 312
навбатӣ