Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саводи сурмаи шом аст дар чашми нигори ман,
Ба ҷуз зулмат дигар чизе набинад рӯзгори ман.

Аз он саргаштаам дар водии ишқи парирӯе,
Ки бошад маркази паргори ҳасрат ихтиёри ман.

Набошад ҳосили умрам ба ҷуз доғи ҷудоиҳо,
Куҷо cap барзанад ҷуз лола аз хоки мазори ман?

Чаро меҳри бутон бо ошиқони булҳавас бошад?
Аз ин савдову ғам, ё Раб, табаҳ шуд ҳоли зори ман!

Агарчи дурам аз дидору васли ӯ, вале бошад
Китоби лавҳи девони хаёлаш дар канори ман.

Ҳазор афтода дорад бар сари кӯяш чу ман, лекин
Ба ҷуз савти фироқи ӯ наёбӣ аз ҳазори ман!

Зи бими он, ки наншинад ба чини доманаш гарде,
Ба роҳаш об мепошид чашми интизори ман.

Зи бас кардам таҳаммул дар ғами ҳиҷрони ӯ,
Туғрал,
Миёни ошиқон бисёр бошад эътибори ман.

То кашад аз pyx ниқоб он моҳи симинсоқи ман,
Ғӯта дар ҳайрат занад ин дидаи муштоқи ман.

Тоқи абрӯяш бидидам, ҷуфти кулфат шуд дилам,
Рафт дар савдои ӯ бар бод ҷуфту тоқи ман!

Бар сарам афтода то савдои он ширинсухан,
Месазад бар Каҳкашон паҳлӯ занад қалпоқи ман!

Гӯшт аз тан рафт охир дар ҳавои васли ӯ,
Монд дар саҳрои ҳиҷрон устухони қоқи ман!

То бидидам соқи симинаш, дилам бемор шуд,
Ҳаббазо, қурбони соқи ӯ тани носоқи ман!

Дар ҷаҳон мисли қадаш чоқам намегирад дигар,
Баски чун сарви қади ӯ рост бошад чоқи ман.

Туғрали авҷи камолам, сайди маънӣ мекунам,
Лафзи бемаънӣ бувад беҷо, макун итлоқи ман!

пешина
аз 312
навбатӣ