Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хиҷолатмояам, вазъи парешонист бунёдам,
Гулоби хиҷлат аз сунбул кашад тасвири Беҳзодам.

Нигоҳи ҳайратам аз нақши пои ӯ сабақ гирад,
Магар акси рухи ойина буд сармашқи устодам?!

Муаммои сари зулфаш ба ҷуз аз шона накшояд,
Аз он дар боғ зери сояи мавзуни шамшодам.

Сипанди доғи рашкам сӯхт, аз дил cap занад нола,
Ту пиндорӣ ба санги сурма хобидаст фарёдам.

Ба савдои хаёлаш шуҳраи офоқ гардидам,
Таманнои висолаш дод ному нанг бар бодам.

Шикасти дил ба санги яъс пайғомест ҷамшедӣ,
Садои косаи чинӣ диҳад Фағфурро ёдам.

Аз он гардидаам дар авҷи дониш Туғрали маънӣ,
Ба қайди лафзи нозук баски шоҳин буд сайёдам.

Китоби ишқ мехонам, кунун фаҳми сабақ кардам,
Ба устоди хирад беҷо аз ин мабҳас нутақ1 кардам.

Ҳамекардам ба килки фикр таҳрири ҷамоли ӯ,
Ба васфи навбати рухсори ӯ гул дар табақ кардам.

Аз он рӯзе, ки бинмудам ба ҷаннат нисбати кӯяш,
Зи хиҷлат об гаштам, хешро ғарқи арақ кардам.

Намудам ман қазои суннати пешини худ дигар,
Ба зери шоми зулфаш рӯи ӯ фаҳми шафақ кардам.

Қамар чун хома барбастам ба тавсифи саропояш,
Қалам дар шаҳди мазмуни лабаш афтод, шақ кардам.

Басе халқи ҷаҳон бинвишта шарҳи нусхаи ҳуснаш,
Ман андар мусҳафи рӯяш зи барги гул варақ кардам.

Мапурс аз рояти мансурии ин доругири ман,
Ҳамин бас шоҳидам, дар ишқи ӯ даъвои ҳақ кардам.

Зи дарси ишқи ӯ бо ман нашуд ғайр аз ҷунун ҳосил,
Чу Маҷнун хешро расвои олам з-ин сабақ кардам.

Чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, ҳазрати баҳри сухан Бедил:
«Ба соғар оби рӯе доштам, садди рамақ кардам».

1 Нутақ – нутқ, сухан.

пешина
аз 312
навбатӣ