Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ба мизроби дигар қонуни ишқат соз мекардам,
Навои пардаи «Ушшоқ»-ат аз «Шаҳноз» мекардам.
Чу мурғи бепаруболам ман аз афтодагӣ, лекин
Ба сӯят бетаваққуф чун нигаҳ парвоз мекардам.
Ба маҳзи лутф сӯи кулбаи ман мехиромидӣ,
Ба роҳат пардаҳои дида пойандоз мекардам.
Агар мебуд дар ҳаҷри ту ҳамчун кӯҳ тамкинам,
Садое мешунидам аз ту гар, овоз мекардам.
Тағофул мониъи асрори лутфаш буду ман ҳар дам
Ба рамзе гӯшаи он чашмро ғаммоз мекардам.
Аз он рӯзе, ки дидам дар фани эҳё лаби лаълаш,
Масеҳо мешудам ман, тарки ин эъҷоз мекардам!
Ҳамерафтам ба Тури ишқи ӯ аз баҳри дидораш,
Чу Мӯсо дар таҷаллигоҳи шавқаш роз мекардам.
Агар дар хоб медидам баногаҳ талъати Лайлӣ,
Ҳазор анҷоми Маҷнунро ба як оғоз мекардам.
Ба базми васл з-ангуштам шамими атр меомад,
Агар банди қабояшро баногаҳ боз мекардам.
Намуданд аз сари кӯи ту бо ман равзаи ҷаннат,
Намебудӣ ту дар ҷаннат, валекин ноз мекардам.
Хушо аз мисраи султони авранги сухан, Туғрал:
«Ту мерафтию ман шӯри қиёмат соз мекардам!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё