Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Тарабпаймои ишқам, хоксориҳост меъроҷам,
Тапиданҳо бувад тӯмори набзи саъйи алҳоҷам.
Чароғам ёфт охир аз хамӯшӣ сарфарозиҳо,
Мурассаъ шуд зи санги сурма гӯё гавҳари тоҷам.
Сафири булбули оҳам чу най гар нола ангезад,
Найистон як қалам оташ шавад, з-ахгар диҳад боҷам.
Ба саъйи гуфтугӯи ӯ сарам дар пои дор омад,
Ба фатвои муҳаббат гӯиё Мансури Ҳаллоҷам.
Биё, эй машриқи субҳи саодат, дар барам як дам,
Ки ман аз баҳри ташрифи қудумат сахт муҳтоҷам!
Аз он рӯзе, ки нахли қоматат бишкаст тӯборо,
Ба савдои хаёли сарви болои ту дурроҷам.
Баланд аст он қадар фикри баландам дар сухан,
Туғрал,
Ту пиндорӣ, ки андар тору пуди шеър нассоҷам1.
1 Нассоҷ – бофанда, матоъсоз.
Аз он рӯзе, ки ман дар ҳалқаи зулфи ту афтодам,
Саропо қайд будам, гӯиё кардӣ ту озодам.
Ба ошиқ талхии ҳиҷрони лайлиталъатон ширин,
Аз он дар кӯҳу саҳро ҳамдами Маҷнуну Фарҳодам.
Гиёҳи ташнаам cap барзада дар водии ҳасрат,
Зи навмедӣ самар оварда нахли кулфатэҷодам.
Тилисми унсурам дур аст аз обу гилу оташ,
Надорад киштии тан мавҷро лангар ба ҷуз бодам.
Ба афсуни дили худ оламе зери нигин дорам,
Ки нақши хотами дасти Сулаймон аст авродам1.
Шаби ҳиҷрони ман бо кокули ӯ нисбате дорад,
Парешонӣ маро сармоя шуд, аммо бад-ин шодам.
Бувад пайваста Туғрал андалеби гулшани кӯяш,
Ба ёди хандаи лаълаш чу най умре ба фарёдам.
1 Аврод – дуоҳо, зикрҳо; аз решаи «вард».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё