Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кош дар базми адаб ман дилбаре медоштам,
Пеши худ монанди мино соғаре медоштам.

Роятам аз ишқи ӯ месуд cap андар фалак,
Гар зи нақши хоки пояш афсаре медоштам.

Сози қонуни муҳаббат пардаи ишқам дарид,
Кош менашнудаму гӯши каре медоштам.

Мешудам ман сарбаланди саҷдаи нози адаб,
Чун суроҳӣ хутбаи беминбаре медоштам.

Ҷуз гули матлаб намечидам зи гулзори умед,
Дар баҳори ин амал чашми таре медоштам.

Сӯхтам парвонасон дар оташи доғи ғамаш,
Мепаридам сӯи ӯ, болу паре медоштам.

Ҳамдами базми висолам ҷуз ғами Лайлӣ набуд,
Ҳамчу Маҷнун гар зи хоро бистаре медоштам.

Нусхаҳои ишқи ӯ азбаски бешероза буд,
Менавиштам шарҳи ғамро, мистаре медоштам.

Мешуд андар дидаам акси ҳақиқат рӯ ба рӯ,
Бар рухи ойина гар хокистаре медоштам.

Назди ин бедонишон фарқи хазаф аз дур набуд,
Варна дар баҳри сухан ман гавҳаре медоштам.

Ҳаббазо аз мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Хок мекардам ба роҳат, гар cape медоштам!»

пешина
аз 312
навбатӣ