Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Бишнавад булбул агар андар гулистон нолаам,
Мекунад андар чаман тамҳиди сомон нолаам.
Баҳри сози хеш най аз чӯби тӯбо боядам,
То расад дар гӯши он сарви хиромон нолаам.
Арзи матлаб нест ҳоҷат пеши арбоби карам,
Сар занад дар пош аз чоки гиребон нолаам.
Сӯхтам парвонасон дар оташи шавқи амал,
Мекунад дар шоми ғам ҷӯши чароғон нолаам.
Зинҳор, эй орзу, густох бар он дар марав,
Хусрави ғамро бувад имрӯз дарбон нолаам.
Хӯшачини хирмани гесӯи мушкинаш будам,
З-он сабаб рафтаст андар сунбулистон нолаам.
Сози мо ҳарчанд дар бозори ибрат камбаҳост,
Назди ушшоқ аст лекин хуштар аз ҷон нолаам.
Нест ҳоҷат дар маризи ишқ доруе дигар,
Ҳаст дар захми ғами ӯ баски дармон нолаам.
Нолам аз як мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Дарди он дорам, ки хоҳад шуд парешон нолаам».
Барнамеояд бурун аз сина осон нолаам,
Сурмасон дар аҳди чашмаш баста паймон нолаам.
Аз ту, эй шӯри ҷунун, сози дигар дорам ҳавас,
То шавад аз пардаи хомӯшӣ урён нолаам.
Он қадар дар миҷмари доғи адаб ахгар шудам,
Дар назар ояд туро шамъи шабистон нолаам.
Нест холӣ бо ҳама таъҷил аз пайғоми васл,
Мерасад аз кӯи ӯ барчидадомон нолаам.
Дар хаёли зулфи ӯ ин аст гар сомони ман,
То куҷо хоҳад шудан, ё Раб, парешон нолаам?!
Муштарӣ, хоҳӣ ту гар ҷинс аз дукони эътибор,
Қимати бисёр дорад, нест арзон нолаам!
Хонаи сабрам саботе дошт аз дидори ӯ,
Қасри тамкинам кунад имрӯз вайрон нолаам.
Ҳар касе бори амонатро ба ҷое мениҳад,
Бишнавӣ, ҳар гаҳ гузаштӣ аз найистон, нолаам.
Гашта аз бори фироқаш дӯши ман ҳамчун камон,
Оҳи ман имрӯз чун тир аст, пайкон нолаам!
Ҳаббазо, Туғрал, ки мегӯяд маҳи авҷи сухан:
«Баъд аз ин ҳам нуҳ фалак гӯест, чавгон нолаам!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё