Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар маҳфили рақибон рӯят шукуфта гул-гул,
Бо мо расид навбат, кори ту шуд тағофул.

Андар муҳити ишқат умрест нохудоям,
Афканда хештанро дар киштии таваккул.

Мижгон кашида саф-саф чашмони сеҳрсозат,
Қасди кадом дорӣ бо ин ҳама таҷаммул?!

Шӯри тараб фазояд аз хандаи даҳонат,
Васфи туро намояд мино ба бонги қул-қул.

Бо ёди орази ту гул ҷомаро дарида,
Бе ту ба боғу гулшан дар оҳу нола булбул.

Доғ аст лоларо дил аз ҳасрати ҷамолат,
Хун мехурад зи лаълат пайваста шишаи мул.

Ошуфтарӯзгорам, Туғрал, ба даври зулфат,
Бодо ҳамеша моро то ҳашр ин тасалсул!

То ба маншури сухан сармашқи туғро гаштаам,
Як ҷаҳон мазмуни як олам муаммо гаштаам.

Чашми бад дур аз барам имрӯз ҳамчун офтоб,
Аз сафои дил дар оғӯши Масеҳо гаштаам.

Баски дар баҳри маонӣ ғӯта хӯрдам чун гуҳар,
Муштамил бо чанд маънӣ ҳамчу улё гаштаам.

То кушодам уқдаҳои нусхаи дарси адаб,
Сархати ҷамъийяти иқди Сурайё гаштаам.

Умрҳо бигзашт, андар боғи имкон ҳамчу гул
Хуни дил хӯрдам, ки то маҳбуби дилҳо гаштаам.

Меравам аз хеш чун дарё, вале монанди мавҷ
Аз хаёли зулфи ӯ занҷирбарпо гаштаам.

Гарчи суфтам сад гуҳар бо мисқаби теғи забон,
Лек аз бетолиъиҳо сахт расво гаштаам.

Дам ба дам з-андешаи ӯ дар хаёлободи дил
Ҳамчу моҳӣ дар муҳити ишқ бепо гаштаам.

Гуфтамаш: «Бо зулфи ӯ дарҳам чаро печидайӣ?!»
Гуфт: «Дар сайди бараҳман чун чалипо гаштаам».

То сухан санҷидаам, Туғрал ба мизони адаб,
Дар миёни шоирон имрӯз якто гаштаам.

пешина
аз 312
навбатӣ