Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Як нигоҳ аз чашми махмураш туро бошад ҳавас,
Арзи матлаб кун, мабод афтад қабули мултамас1.
Дил кунун бо сархати дарси таманнои адаб
Карда аз боғи ҷамолаш машқи гулчинӣ ҳавас.
Булҳавас, бигзар зи савдои хаёли ишқи ӯ,
Кай бувад дар пеши оташ эътибори хору хас?!
Ғайри ӯ аз дигарон дасти тамаъ кӯтоҳ кун,
Муддаои ҳеч кас ҳосил нашуд аз ҳеч кас.
Сози тамкини адаб набвад мақоми ҳар диле,
Бигзарӣ, оҳиста бигзар, сӯи дуккони ҷарас.
Бо гирифторони зулфи ӯ намебошад дигар
Ҷуз каманди ҳалқаи зулфаш касе фарёдрас.
Ҳар киро доданд андар боғи имкон фурсате,
Корвони умр бошад раҳнаварди пешу пас.
Бигзар аз савдои он чизе, ки набвад дар ҷаҳон,
Маҳзи авҳом аст шири мурғу ҳам боли фарас.
Дод найранги ҷаҳон аз роҳи якрангӣ ғалат
Устухонро бо ҳумову қандро андар магас.
Эй хуш он мисраъ, ки, Туғрал, месарояд Бедиле:
«Хоби анқо талх мегардад ба овози магас».
1 Мултамас – илтимос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё