Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меравам аз хеш ҳар соат зи дунболи нафас,
Маҳмили моро бувад сози шикасти дил ҷарас.

Метавон имрӯз будан фарши пои офтоб,
Шабравони роҳро чун соя набвад бими кас.

То набошӣ раҳнаварди водии дашти адам,
Кай расӣ дар ҷодаи иқболи ин боли фарас?!

Бе фано ҳосил нагардад давлати дидори ӯ,
Кас чӣ сон созад таманнои висоли ӯ ҳавас?!

Пухтагонро кай бувад аз суҳбати дунон гузир,
Шуъларо бисёр бошад эҳтиёҷи хору хас!

Коргоҳи боғи имконро бувад найрангҳо,
Зоғ дар саҳрову булбул гашта маҳбуси қафас.

Хонаи дилро ту аз занги кудурат соф кун,
Мешавад ойина ин ҷо тира аз ҷӯши нафас.

Ҳар киро бошад ба қадри машраби худ ҷодае,
Кай бувад фили дамонро тоби як гашти фарас?!

Ашк дар роҳи талаб бошад далели муддао,
Коғази абрӣ бувад ойини ишқи булҳавас.

Дил ба дуздӣ меравад имшаб ба ҷаъди зулфи ӯ,
Кай бувад айёрро1 андешаи чӯби асас?!

Туғрал, аз забти нафас фоли саодат мезанам,
Бар сари мурғи сухан боли ҳумо бошад қафас.

1 Айёр – ҷавонмард, сахӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ