Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи хуни дидаи ман номае ба ёр навис,
Ба ҷои муҳр, ки омад, ту интизор навис.

Сухан зи зулфи дарозаш агар кунӣ кӯтаҳ,
Ҳадиси турраи ӯро ба пушти мор навис.

Чу ман ба дафтари ҳуснаш турост майли рақам,
Расидӣ бар рухи ӯ, навбати баҳор навис.

Агар ба васфи рухаш рафт навбати таҳрир,
Саводи нусхаи ӯ аз хати ғубор навис!

Фасонаҳои сиришкам ба хатти ёқутӣ
Ба сафҳае, ки нависӣ, ба оби нор навис.

Қалам ба ҳарфи муҳаббат зи оҳи булбул кун,
Яке ҳикояти ушшоқ аз ҳазор навис.

Агар нависӣ ту хатте ба сӯи ёр аз ман,
Ҳамин қадар, ки зи ишқи ту шармсор навис.

Ту ҳақшиносии таърихи рояти Мансур
Ба ҳар куҷо, ки нависӣ, ба чӯби дор навис.

Хушо, зи мисраи султони маърифат, Туғрал:
«Ба ҷои ҳар алиф ангушти зинҳор навис».

Гар зиён зоҳир намоӣ, дар хаёли суд бош,
Яъс то кай? Бар умеди чеҳраи мақсуд бош!

Бе нишони тири шуҳрат чанд, эй нанги адам,
Як асар бигзору андар олами мавҷуд бош!

Аз фурӯғи шавқ зан бар миҷмари дил оташе,
Бар димоғи аҳли олам чун шамими уд бош.

То тавонӣ, маркази ин ҳалқаи таслим шав,
Шуълаи шавқи муҳаббат гар набошӣ, дуд бош!

Шоҳиди ҳар кас ба қадри даъвии ишқи худ аст,
Гар тамошои Аёзаш мекунӣ, Маҳмуд бош!

Чанд бошӣ дар ҳавои буду нобуди ҷаҳон?
Эътиборе нест андар буди ӯ, нобуд бош.

Барфишон бар мазраи дил донаи ашки умед,
Чун саҳоби тира яксар дар хаёли ҷуд бош!

Ғофил аз дарси адаб, лофи муҳаббат то ба кай?!
Маҳрами асрори ишқаш нестӣ, мардуд1 бош!

Ҳаст ташвиши ту аз тазъифи таснифи амал,
Аз ғами бешу ками олам гузар, хушнуд бош!

Баски дорад нағмаи ушшоқ мизроби дигар,
Тору пуди риштаҳои пардаи ин руд бош!

Ҳаббазо, аз мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Эй зи фурсат бехабар, дар ҳар чӣ бошӣ, зуд

1 Мардуд – рондашуда.

пешина
аз 312
навбатӣ