Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо захми тағофул зи лаби ёр даво пурс,
З-абрӯи каҷаш воқиъаи қадди дуто пурс.

Афсонаи зулфаш, ки басе дурудароз аст,
Кӯтаҳ кунам, ин қисса ту аз боди сабо пурс.

Бо ҷавҳари теғаш мазан аз арзи вафо дам,
Аҳволи шаҳидони вай аз ранги ҳино пурс!

Қонуни муҳаббат, ки барӣ аз баму зер аст,
Ушшоқ ба ҳар соз, ки дидӣ, зи наво пурс.

Қосид, ба ту ҳар кас, ки кунад арзи ниёзе,
Лекин зи ман, албатта, ба такрор ҷудо пурс.

Осудадилон душмани ғамҳои ҷаҳонанд,
Ҳар нукта, ки аз дӯст бипурсӣ, ту зи мо пурс.

Кас нест кунад маърифати дашти ҷунунро,
Ин хори раҳи ишқ ту аз обилапо пурс.

Манъи карами хеш кунӣ чанд зи ибром?!
Эй ҷабҳагиреҳкарда, ту аз дасти дуо пурс!

Ҳар кас набувад маҳрами асрори муҳаббат,
Гар ҳамдами Маҷнун шудӣ, аз дарси вафо пурс.

Бе арзи тамаъ нест суяш ҳоҷати ҳар кас,
Эй бод, гараш дидӣ, зи ман, баҳри Худо, пурс!

Туғрал, шудаам шашдари ин мисраи Бедил:
«Роҳе, ки ба ҷое нарасад, аз ҳама ҷо пурс».

пешина
аз 312
навбатӣ