Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба боғи даҳр, ки ҳар лоларост доғи дигар,
Чу ғунча ҳосили мо нест ғайри хуни ҷигар.

Мабош бе асари шавқ дар раҳи уммед,
Ки решарост давидан ба хок баҳри самар.

Биё, ки бе лаби лаъли ту бода шуд дилхун,
Ба интизори ту маҳв аст дидаи соғар.

Чу нуқта кай равам аз маркази вафо берун,
Ҳазор теғи ҷафо гар занӣ маро бар cap?

Ба кӯи ёр, ки аз фарши махмалем озод,
Чӣ хуб бистари ноз аст паҳлуи лоғар!

Бас аст то ба абад дар вафои ӯ аҳдам,
Намеравам бурун аз ҷодаи ғамаш дигар.

Қазо ҳисоби нуҷуми сиришки ман накунад,
Ба сафҳаи фалак аз Каҳкашон занад мистар,

Нишин ба хок, гарат орзуи бедорист,
Ки шуъларо натавон дошт ҷуз ба хокистар!

Ба хушксол ҷаҳоне чу коғази абрӣ
Ба ашки хеш намо хомаҳои мижгон тар!

Ба фаҳми кӯҳи ту аз чашма раҳ тавон бурдан,
Беҳ аз садост баму зери лаб ба гӯши кар!

Хушо, зи мисраи Бедил, ки гуфтааст, Туғрал:
«Гуҳар ба ришта кашидем аз хати мистар».

пешина
аз 312
навбатӣ