Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Офарин, эй бути парипайкар.
Наргисат маст, ғунчаат шаккар.
Сунбулат боиси парешонӣ,
Нигаҳат фитнасози сад маҳшар!
Нозбӯи хати туро нозам,
Ки дамидаст бар лаби Кавсар.
Аз хироми ту дар чаман товус
Карда рафтори хешро дигар.
Додӣ бар бод зулфу бишкастӣ
Қимати мушку нофаву анбар.
Чашм бикшода дар раҳат наргис,
Ба Худо, ҷониби чаман бигзар!
Сӯхтам дар ғами висоли ту ман,
Мезанад аз дилам забона шарар.
Нест мисли ту дар қаламрави ҳусн,
Ин суханро навиштаам бо зар:
Туғрали мо асири қайди ту шуд,
Ба хами зулф кардияш чанбар!
Эй ғунчадаҳон, лаби ту шаккар,
Дандони ту ҳамчу дурру гавҳар.
Эй орази ту ҳарир аз гул
В-эй зулфи сиёҳи ту муанбар.
Эй нахли қадат баробари ҷон,
Рухсори маҳат ба ҷон баробар.
Чашмат ба карашма рехт хунам,
Мижгон-т барам кашида ханҷар.
Хубони ҷаҳон фузун, валекин
Монанди ту кас надида дилбар.
Хубӣ ба ту, хатми ишқ бо ман,
Ин ҳарду шуд аз қазо муқаррар.
Ҳам кишвари ҳуснро амирӣ,
Ҳам мулки қулубро ту сафдар.
Шарманда зи чеҳраи накӯят
Гардида ҳама бутони Озар.
Туғрал ба ҳаволаи ду чашмат
Дар дашти фироқ гашта шашдар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё