Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
– Оразам равшан, – агар гӯяд, – зи чист?
Дар ҷавобаш гӯй: – Равшан аз қамар.
Хоҳад ӯ бо наргиси масташ шабеҳ,
Бе таваққуф пардаи бодом дар!
Бо хати лаълаш агар ҷӯяд адил,
Гӯй он дам достони нилуфар.
В-аз лабаш ар гуфтугӯе оварад,
Дар миён овар ту ҳарфи найшакар.
Боз, эй боди сабо, зинҳор гӯ:
– Аз чӣ дур андохт моро аз назар?
Гар бувад мақсуди ӯ нақди иёр,
Чун садаф дорам диле пур аз гуҳар.
Хотири ӯро агар майли тилост,
Чеҳраи зарди маро бишмор зар!
Субҳи рӯяш аз бадоҳат дам занад,
Бе тааммул гӯй фиҳи анназар1.
Дар фироқаш гар масал хоҳад, бигӯ:
– Қитъае бошад зи ҳиҷронат сақар2.
Масканам пурсад гар он лайлиасос,
Гӯй: – Маҷнунро намебошад мақар!3
Нисбати худро зи хубон ҷуст, – гӯ:
Имтиёзи байти Туғрал аз шакар!
1 Фиҳи анназар – дар ӯ назар кун.
2 Сақар – пасттарин зинаи дӯзах.
3 Мақар – ситод, қароргоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё