Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пардаи субҳи нигаҳро бар рухи дилдор дар,
Тӯтиё бо чашми худ аз хоки ин дарбор бар.

Ранги зардам аз тило гаштан ба васлаш роҳ бурд,
Нақди савдои муҳаббат шуд дар ин бозор зар.

Баски аз cap то ба пои ӯ латофат мечакад,
Васфи ӯ созӣ, даҳонат гардад аз гуфтор тар.

Аз ғубори хоки пояш кардаам куҳли басар,
Сурма кай бошад ба чашми интизорам коргар?!

Соқиё, дар базми мо паймонаро лабрез кун,
Маҷлиси Туғрал бувад бе соғари саршор шар!

Дар ҳарими ёр гар орӣ гузар,
Эй сабо, аз ман ба ӯ пайғом бар.

Аз ту аҳволи маро пурсад, бигӯ:
– Бандаи худро зи меҳнат бозхар.

Гар бигӯяд: – Нақди ишқаш сарфи кист?
Гӯй: – Савдои туро дорад ба cap.

Дарди ман пурсад, фаромӯшат мабод,
Гӯй: – Мегӯяд зи ғайрат «алҳазар!»

– Аз кӣ ишқ омӯхт? – гӯяд, – гӯ: Зи ман,
– Ишқбозии ман аст ирси падар.

Аз ғамам фарёд дорад? – гуфт агар,
Гӯй: – Бо ёди ту ҳар шому саҳар.

– Зоди роҳи ишқ, – гӯяд, чист? – гӯ:
– Тӯшаи ошиқ бувад лахти ҷигар!

– Дар фироқам, – гуфт, – мерезад сиришк?
– Абр кай холӣ бувад, – гӯ, – аз матар!1

Аз қазо пурсад зи оғози ғамам,
Гӯй: – Анҷоми муҳаббат аз қадар.

Меваи нахлам, агар гӯяд, ки чист?
– Гӯй: Сарватро ҷафо бошад самар!

В-ар бигӯяд бо чӣ мемонад дилам?
– Сангро гуфтан тавон, – гӯ, – мумтар!

Ҷӯяд андар нармии хӯяш назир,
Ту ҳикоят cap кун аз нори шарар.

1 Матар – борон.

пешина
аз 312
навбатӣ