Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он қадар дорад сафо ойинаи рухсори ёр,
Акс чун наззора аз лағзиш намегирад қарор.

Ҷавҳари фарди даҳонаш ҷузви беаҷзо бувад,
Аз ҷавори қисмати ӯ муддаӣ шуд шармсор.

Бо яке ҳиҷрон ду рӯзи васл фоли тавъам аст,
Дар раҳаш то дидаам шуд з-интизориҳо дучор.

Сабзаи лаъли лабаш з-эъҷози ёқутӣ диҳад
Насхи таълиқи бароти ошиқ аз хатти ғубор.

Шуҳраи офоқ шуд аз ишқи Ширин Кӯҳкан,
Номи Маҷнун аст аз савдои Лайлӣ ёдгор.

Ихтиёри равзаи ҷаннат надорам аз дараш,
Ошёни мурғи анқо кай бувад шохи чинор?!

Туғрал, аз гуфтори рангини ту чун авроқи гул Месазад ҷузви туро шероза аз ранги баҳор.

То шунидам аз сабо афсонаҳои зулфи ёр,
Сояи шамшодро дар боғ кардам ихтиёр.

Нест андар дафтари ҳастӣ ҳисоби дигарам,
Баски мебошад шаби ҳаҷраш ба ман рӯзи шумор.

Орзу кардам, валекин бахти бад ёрам нашуд
Сурмае аз гарди домонаш ба чашмам интизор.

Дар пайи ҳар субҳи ишрат шоми кулфат тавъам аст, Нест андар боғи имкон як гуле бе неши хор.

Карда дар тарфи чаман найранги саҳҳофи азал
Аз раги гул риштаи шерозаи ҷузви баҳор.

Аз таваккул бодбони киштии уммед кун,
Баски пайдо нест дар мавҷи муҳити ғам канор.

Кай дили садпораам аз мумиё гардад дуруст,
Ёди чашмаш бишканад гар соғари ранги хумор?!

Он қадар доғи таманнои хаёлаш гаштаам,
Нест монанди дилам имрӯз боғи лолазор.

То сафои орази ӯ арзи ҷавҳар мекунад,
Дидаи ойинаро набвад ба ҷуз ҳайрат шиор.

Мевае аз боғи васлаш кай расад осон ба каф,
То нагардад донаи ашки ту чун ёқути нор.

Бар лаби Кавсар зи ҷӯши сабза равшан мешавад
Насхи таълиқи хати райҳонаш аз хатти ғубор.

Ваҳ, чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, шоҳи авранги сухан:
«Шуд сафед охир зи мӯям кӯчаҳои интизор!»

пешина
аз 312
навбатӣ