Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Боз ҷонам шуд фидои чашми хуммори дигар,
Мушкилам афтод дар дасти ситамгори дигар.
Борҳо будам зи ишқи хубрӯён чун камон,
Қотиле дӯшам ба тир афканд, к-ин бори дигар.
Ҷои марҳам омаду озурдам аз васли рақиб,
Бар ҷароҳатзори захмам монд озори дигар.
Тори сози васлаш ар бигсаст, дорад ҷои он
Нағмаи зеру бами ҳаҷраш ба сетори дигар.
Даъвии ишқи варо исботи ваҳдат мекунам,
З-он ки набвад рутбаи Мансур дилдори дигар.
Назди ёри хеш бо рағми адӯ ёрӣ мапурс,
Бар гумони он, ки набвад ёрро ёри дигар.
Чашми ман бе чашми шӯхаш аз рамад1 бемор буд,
Бо табиби ишқ гуфтам, гуфт бемори дигар.
Хубрӯён нақди ҳусни худ ба бозор оваранд,
Нақди ҳуснашро бувад ҳар рӯз бозори дигар.
Туғрал, осоиш агар хоҳӣ ту андар рӯзгор,
Дасти худ кӯтоҳ кун ҷуз ишқ аз кори дигар!
1 Рамад – варами чашм.
То хаёли сураташ шуд дидаамро ҷилвагар,
Чашм накшоям ба сӯи нақшу тасвири дигар.
Бахти вожунро ба тахти подшоҳӣ кай диҳам,
Сояи боли ҳумо гар бахшадам тоҷе ба cap.
Чун гуҳар дар кисвати мо нест ҷайбу домане,
Ғайри урёнӣ набошад ҷомае моро ба бар.
Кам нагардад гармии як рӯзи бозору шабаш,
Дар дили парвона набвад ғайри савдои шарар.
Доми сайди матлаби мо гашт қуллоби нафас,
Нест дар мурғи умеди мо ҳавои болу пар.
Гарчи тафсили гулистони ҷамолаш мекунам,
Менамоям ҳарфи мазмуни даҳонаш мухтасар.
Шуд зи дасти куфри зулфаш кишвари динам хароб,
Менамоям ҳарфи мазмуни даҳонаш мухтасар.
Ҷилваву нози хироми нахли ӯ дидам ба боғ,
Нест дар сарви қади ӯ ғайри озодӣ самар.
Фоли бад бошад агарчи суҳбати Ақраб ба Моҳ,
Кош, эй ҳамсуҳбатон, дар ақрабаш бинам қамар
Кам намегардад судоъи ошиқ аз субҳи умед,
Мешавад афзун зи сандал оқибат ин дарди сар.
Хомаи таҳрир аз чӯби санавбар боядам,
Баски дар васфи қади ӯ чун қалам бастам камар.
Нест ҷуз шаҳди маонӣ баски сомони дилам,
Мебарад табъам гарав аз банд-банди найшакар.
Офарин, Туғрал, бар ин як мисраи баҳри сухан:
«Эй хиромат мавҷи гавҳар, андаке оҳистатар».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё