Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Моҳи ман имрӯз дар Мисри малоҳат шоҳ шуд,
Юсуф аз шарми ҷамоли ӯ ба зери чоҳ шуд.
Ҷоми май бе ёди лаъли ӯ насиби ман мабод,
Ҳамдами базмам агарчанде ки меҳру моҳ шуд.
Тори гесӯи камандаш гашт доми мурғи дил,
Донаи холи сиёҳаш то маро дилхоҳ шуд.
Кай амон ёбад зи тири новаки дилдӯзи ӯ
Синаи он кас, ки меҳнатсанҷи ин даргоҳ шуд.
Аз ҳилоли абруяш шарманда гардад моҳи нав,
В-аз сафои оразаш хуршед ранги коҳ шуд.
Боҷи хубиро зи хубони ҷаҳон гирад, равост,
Баски номи ӯ ба хубӣ дар ҳама афвоҳ1 шуд
Дар азал килки қазо тасвири рӯяш мекашид,
Булбули рӯҳи ман аз бӯи гулаш огоҳ шуд.
Ин муаммо ҳал кунад ҳар кас, бад-ӯ Туғрал ғулом,
Дар биёбони тавашшуҳ матлабам ҳамроҳ шуд.
1 Афвоҳ – даҳонҳо
То назокат з-он хироми қадди дилҷӯ мечакад,
Аз ҳаё сарв об гашта, бар лаби ҷӯ мечакад.
Рамзи зулфи ӯ ба саҳрои Хутан шуд ошкор,
Хуни ҳасрат то абад аз нофи оҳу мечакад.
Аз латофатҳои ҳусни обдори ӯ мапурс,
Мавҷи гавҳар аз ҳадиси васфи он рӯ мечакад.
Бисмилам карду ба хок андохт он золим, ҳанӯз
Қатраҳои хуни ман аз теғи абрӯ мечакад,
Булҳавас, бигзар зи савдои хаёли зулфи ӯ,
Сели тӯфони бало аз ҳар сари мӯ мечакад!
Эй дил, андар остони ӯ расӣ, ғофил мабош,
Рашҳаи1 андӯҳу ғам аз хоки он кӯ мечакад!
Аз раҳи мастӣ ҷаҳонеро, бибин, дар хок зад,
Хуни мардум дам ба дам з-он чашми ҷоду мечакад!
Дар ғазаб чини ҷабинаш дидаму гуфтам ба дил:
Шарбати сиркангубин аз шохи лимӯ мечакад.
Туғралам дар сайди маъниҳои рангини баланд,
Аз сафои шеъри ман то ҳашр луълу2 мечакад!
1 Рашҳа – чакка, қатра.
2 Луълу – марҷону ҷавоҳир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё