Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ғунча аз лаъли ту сабақ гирад,
Дурру ёқут дар табақ гирад.
Чашмат аз хуни бода баста ҳино,
Боҷ аз сурхии шафақ гирад.
Назди таҳрири васл килки маро
Шаҳди мазмун димоғи шақ1 гирад.
Ошиқ аз лаъли ту ба Хизри хат
Даъвии бӯса карда ҳақ гирад.
Ба фиребу фусуну макр рақиб
Аз гулоби ту кай арақ гирад?!
Юсуф ойини дилбарии туро
Гар бибинад, аз ин насақ2 гирад.
Назми Туғрал ба ҳар китоб ки ҳаст,
Зинат аз шеъри ӯ варақ гирад.
1 Шақ – шикоф, чок.
2 Насақ – назм, тартиб.
Шаҳобосо нигоҳам аз сипеҳри дида метозад,
Тамошо дар бисоти оразаш шатранҷ мебозад.
Ало шоҳе, ки фарзинваш рақиби каҷ ба ӯ ҳамдам,
Маро ӯ бегунаҳ аз ростӣ рухмот месозад.
Ҳамин бори ғамаш умрест ҳамчун фил бар дӯшам,
Ба сӯи ӯ бувад оё, ки аспи бахти ман тозад?!
Мапурс ойини чашми соҳири он шӯхи золимро,
Ки тори як нигоҳаш оламе дар хок андозад.
Ями ҳар қатраи ашкам агар тӯфоннамо гардад,
Вагар Нӯҳ аст, аз бими сиришкам киштӣ оғозад!
Равад то домани хуршед дуди оҳи ушшоқон,
Фалакро тундари барқам аҷаб набвад, ки бигдозад!
Зи юмни мақдами он шаҳсавори кишвари хубӣ
Бисоти саҳни ғабро1 то абад бо хештан нозад.
Аз ин Машриқ тулӯъ орад шаҳи авранги маҳбубӣ,
Дами андешаат, Туғрал, агар чун субҳ хамёзад.
1 Ғабро – замин, хок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё