Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғубори сурма то дар хонаи чашмаш ватан дорад,
Сиёҳипарда аз сози тағофул дар бадан дорад.

Насими турраи пурпечутоби анбаросояш
Ба дасти қосиди боди сабо мушки Хутан дорад.

Ҳазорон боғи гулшан дар ғубори мақдамаш надҳам, Ки нақши хоки пояш обуранги сад чаман дорад.

Даҳони ғунчааш чун ҳуққаи1 сарбаста мебинам,
Ки ҳангоми такаллум лаъли ӯ дурри Адан дорад.

Ба тахти ҳусну тоҷи дилбарӣ султони хубон аст,
Ба яғмои дили ман лашкари нозу фитан дорад.

Зи сеҳри наргиси ҷодуи ӯ бояд ҳазар кардан,
Чунон Ҳорут сад афтода дар чоҳи зақан дорад!

Хушам аз накҳати зулфи каҷи шабранги пурчинаш,
Димоғам кай ҳавои савсану майли суман дорад?

Маро фарёду афғон кай расад дар гӯши ӯ, Туғрал,
Ки дар ҳар сӯ ҳазорон додхоҳе ҳамчу ман дорад?!

1 Ҳуққа – зарф, сандуқчаи ҷавоҳирот

То килки сунъи чашми ту сармашқи ноз кард,
Ҳамчун тазарв нози ту дар чашми боз кард.

Омад силоҳи ғамзаат аз баҳри ҳуши ман,
Кард ончунон ба ман, ки ба Маҳмуд Аёз кард.

Шаҳди лабат, ки бод табарзад ғуломи ӯ,
Нархи наботи Миср ба нархи пиёз кард!

Қадди баланди сарви ту қумрӣ ба боғ дид,
Ку-ку заду ба пеши ту арзи ниёз кард.

Лаъл аз Бадахш хезаду гавҳар зи лаъли ту,
Донад, ҳар он ки лаълу гуҳар имтиёз кард.

Ёбад наво зи пардаи «Ушшоқ», ҳар кӣ ӯ
Зеру бами таронаи ишқи ту соз кард.

Ҷайби қабо чу шона даридам зи кӯтаҳӣ,
Дасти қазо, ки домани зулфат дароз кард.

Ин тифли ашки рози ниҳони даруни ман
Омад ба назди мардуму ифшои роз кард.

Нӯшад зи Салсабилу1 равад оқибат биҳишт,
Ҳар кас ба тоқи абруи ту як намоз кард.

Саррофи ишқ нақди дили Туғрали маро
Рӯзи азал ба бӯтаи меҳнат гудоз кард.

1 Салсабил – номи чашмае дар биҳишт.

пешина
аз 312
навбатӣ