Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чок аст гӯё пероҳани субҳ,
Анҷум бирезад аз домани субҳ.

Шабгир мекун, гар метавонӣ,
Наззораи меҳр аз равзани субҳ.

Монанди хур бош, то бигзаронӣ
Тири иҷобат аз ҷавшани субҳ.

Савдои ғамро дигар илоҷе
Ҳаргиз набошад ҷуз равғани субҳ.

Чоки дилатро натвон руфӯ кард
Ҷуз риштаи оҳ бо сӯзани субҳ.

Сиррест махфӣ: бидрид ногаҳ
Пероҳани шаб андар тани субҳ.

Чарх аз кавокиб дорад танаққул,
Мебигзаронад парвезани1 субҳ.

Монанди булбул фарёд мезан,
То бу, ки ойӣ дар гулшани субҳ.

Роҳи тавассул касро набошад
Бе ҳодии шаб дар маскани субҳ.

Ганҷи саодат бошад насибат,
Гар баҳра гирӣ аз махзани субҳ.

Ҷовид бодо ашъори Туғрал,
Чидаст гавҳар аз маъдани субҳ!

1 Парвезан – ғирбол.

Ҳар кас, ки бошад ҳамхонаи субҳ,
Чун меҳр гардад парвонаи субҳ.

Дорад зи мастӣ чун баҳри амвоҷ
Андар даҳан каф девонаи субҳ.

Дар охири шаб, зинҳор, гӯед
Бо гӯши хуршед афсонаи субҳ;

Машшотаро гӯ, созад мутарро
Гесӯи шабро аз шонаи субҳ.

Фарз аст бо мо ноошноӣ,
Ҳар кас, ки бошад бегонаи субҳ.

Дар базми имкон бе саъю кӯшиш
Восил нагардад ҷононаи субҳ.

Ғофил мабошед, ёрон, ки дорад
Ганҷи фаровон вайронаи субҳ!

Сад хӯша хирман ҳосил тавон дод
Дар мазраи дил аз донаи субҳ.

Дар сина ҷо кун, ҳар гаҳ ки гӯяд
Дарси адабро фарзонаи субҳ.

Наззора мекун монанди Туғрал
Аз равзани дил кошонаи субҳ!

пешина
аз 312
навбатӣ