Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
овози баланд ба маърази муҳокима ниҳодам. Гумонам, ки ба шӯр наомада, холисона ҷаҳд мекунед, ки асоситарин нуқтаҳои онро идрок намоед. Муҳиммаш идрок кардан аст. Вақти гуфтани афсонаҳои ширин гузашт. Ман муаллимон ва раҳбарони донишгоҳҳоро маломат нагуфтаам, ман ба онҳо хитоб дорам: “Ҳоло ки сари вақт аст, пеши роҳи ин касолатро бигиред!..” Мегӯянд, ки солҳои охир дар баъзе аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба донишгоҳи олӣ ҳеҷ кас бо дониши худ дохил намешавад, ҳатман аз 5 ҳазор сӯм то 10-12 ҳазор сӯм ришва лозим аст. Ман намехоҳам, ки ин мараз ба ҷумҳурии мо низ сироят бикунад. Маҳз, ба ҳамин ният ман мақолаи “Фасли изтиробҳо”-ро интишор кардам. Ва агар ду факултети дорулфунунро ном гирифтаам, сабаб ин аст, ки ин донишгоҳ бештар мояи эътибору ифтихори мост.
Нигаред, ки илму донишро бар зарари мардумон кор фармудан мумкин будаст. Аммо ҳақиқатро ҳаргиз бар зиёни инсонҳо ба кор бурдан натавон.
Мо ба кӯдакон ростгӯиро талқин мекунем, аммо баъзан ба халқи худ беибо дурӯғ мегӯем. Рафиқоне, ки эродҳои маро тан намегиранд, дар назди халқ, дар назди шиносону дӯстон барои дурӯғи худ хиҷолат намекашида бошанд? Ё ба халқ дурӯғ гуфтан гуноҳ не?..
Роҷеъ бо навиштаҳои У.Сафаров, ки худро корманди дорулфунун мешуморад, ҳамин қадар гуфтаниам, ки ӯ ҳанӯз на мантиқи навиштаҳои худро мефаҳмаду на вазъи каломи дигаронро. Чи гуна “корманд” будани муаллифро намедонам, ба ҳар ҳол, агар ӯ алавмон, фаррош ё дигар навъ корманди ҳанӯз бе маълумоти олии филологӣ бошад, аз содагироиҳои ӯ чашм пӯшидан лозим аст. Агар ӯ олимаълумот бошад... ба ростӣ намедонам, ки чӣ гӯям... Аз навишатҳои ӯ мисол меорам: “Бидуни худситоӣ(?) бояд хотирнишон сохт, ки факултети шарқшиносӣ ягона маконест(?), ки адабиёт ба маънои комилаш(?)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо