Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шумоҳост, чаро онро аз номи худ намегӯед?.. Морро бо дасти дигарон намегиранд!
Хулосаи калом, агарчи навиштаҳои худро ман бехато намешуморам, ба навиштаҳои муаллимону ходимони УДТ хеле эрод гирифтанам мумкин аст. Хайрияти кор, рафиқон К.Мусофиров ва А.Байзоев дар охири мақолаи эътирози худ ҷавонмардона иқрор кардаанд: “Бо аксари мулоҳазаҳои ӯ (Б.Фирӯз) розием”. Пас ман муддаоеро, ки аз навиштани мақола дар назар доштам, ба даст омада меҳисобам.
Ҳар кас ҳақдор аст, ки фикри худро доир ба андешаҳои ин банда ба рӯзнома бинависад. Дар як ривояти пешин овардаанд, ки рӯзи ҷидол аз майдони ҳарб гурехтани аспҳоро дида, аз номус ғуке ҷаҳида аз об берун гаштасту дар назди оҳангар пояшро бардоштаст:
— Хок кашад ин аспҳоро дилу гурдаи ҳарб надорад!
Маро наъл зан!
Оҳангар бо анбӯр беозор ғукро бардошта ба ҳавз партофтаст ва мегӯянд, ки ҷонвари бечора рӯзи пайкор сабаби чунин нописандии оҳангарро нафаҳмида, чашмонаш аз косахона ҷаҳида баромадаст.
Фикри ҳар кас ба қадри пояи дониш ва домани ҳиммати ӯст. Навиштаҳои ҳама якранг нестанд. Агар баъзе аз рафиқон баъди мутолиаи мақола аз ваҷҳи солимии муҳити маънавӣ ва тақдири мутахассисини оянда андешида, дар роҳи пешгирӣ кардани иллати ҷӯрабозӣ ва ришвахурӣ такопӯе кунанд, баъзеи дигар ба гумонам, дар фикри мақому манзалати худ ё худнамоии маҳз қалам ба каф гирифтаанд. Ба ин навиштаҳои пурмӯҳмалаи У.Сафаров далели даъвӣ аст. Албатта, ҳеҷ кас намегӯяд, ки дӯғи ман турш аст, вале...
Ман андешаҳои худро, ташвиши худро аз фардои донишгоҳҳои олиамон ва мутахассисони кишварамон баён кардам. Мардуми кишвар, ман ба шумо рӯ оварда, суханони пичир-пичир ва ғурунгосу гӯшакиҳоро боре бо

пешина
аз 393
навбатӣ