Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

надоранд” гуфтаам, ки маъниаш саводи нағз надоранд аст. Агар ин даъворо собит кардан лозим бошад, биёед ҳар ду он донишҷӯёнро месанҷем, вассалом... Вале сухани маро нодуруст тавзеҳ накунед, рафиқон. Агар сустхонон дар имтиҳони факултети ҳуқуқшиносӣ ғолиб набароянд, аз конкурси ин факултет нагузаштани фарзанди коргари оддӣ Иброҳимов Рустамро, ки яке аз мактабҳои пурталаби шаҳри Душанберо бо медали нуқра хатм кардааст, шумо чи гуна тавзеҳ медиҳед, ман намедонам.
Боз мегӯям: санаду далел доири ин мавзӯъ дар дасти ман хеле фаровон аст, санадҳое дорам, ки аз шунидани он балки ҳайрон хоҳед гашт. Аммо дили бисёр ҷавонону духтаронро шикастан, онҳоро изо додан намехоҳам.
Бигзор, ки ба ҷои онҳо муаллимон андаке хиҷолат кашанд.
Дар ҷои дигар ман чунин овардаам: “... аксаран ҷавонони аз илму адабиёт бебаҳра таҳсил мекунанд...” Ин даъвӣ ба факултети шарқшиносӣ дахл дорад, вале боз ҳам онҳоро “сарпо бесавод” нагуфтаам.
Дар мубоҳаса ва мунозара дар ҳама ҳолат тандеҳ ва ҳиқиқат шиор бояд буд. Сухани касонро ба майлу муроди худ тавзеҳ кардан ҳам аз шарти адаб ва ҷавонмардӣ нест. Муаллимон К.Мусофиров ва А.Байзоев ибораи “эркатулфорҳои ҳомидор”-ро аз мақолаи ин банда нақл карда, чунин шарҳ додаанд: “...фарзандони коркунони масъули апаратҳои партиявию советӣ, вазорату ташкилотҳои гуногун, ходимони илму адаб, муаллимони донишгоҳҳо ва ғайра...” Не, муаллимони мӯҳтарам, ман маҳз ин тоифаро дар назар надорам! Агарчи, дар миёни фарзандони одамони ин касбу корҳо ҳам аҳён-аҳён коҳилони карахт ва эркатулфор ёфт мешаванд, вале аксаран ин тоифа мардум бештар ба таҳсили фарзандони худ эътибор мекунанд ва пайваста бо тарбияву таълими онон машғуланд. Агар он гуфтаҳо аз рӯи ақидаи худи

пешина
аз 393
навбатӣ