Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

омӯзонда мешавад (?)”. Охир, ин ҷумларо хонад, ҳар як шахси каму беш саводнок ба ночор хоҳад гуфт: “Хат ғалат, маънӣ ғалат, иншо ғалат, имло ғалат”.
Ҷумлаи дигареро аз навиштаҳои у иқтибос мекунам:
“...нависандаи мӯҳтарами мо, ки пояш ягон бор ба даргоҳи факултети мо(?) нарасидааст, чи гуна тавонистааст натиҷаи орӣ(?) аз ҳақиқат(?) бигирад(?)”.
Таъин кардани ҳадди саводнокии У.Сафаровро дар ин ҷумлаи по дар ҳаво ба хонандагони сухансанҷи рӯзнома ҳавола мекунаму ба ӯ як ҳақиқатро гӯшрас карданиам: Бародар, аввало дорулфунун маҳрамхонаи шумо нест, ки аз ҳар каси омадаву рафта хабаратон диҳанд.
Сониян, адиб барои мақола ва асарҳояш ба чи тарз далелу санади даркориашро меғундорад, шумо намедонед ва “кӯчаю бозор” гӯён беҳуда ғавғо бардошта мегардед.
Аз навиштаҳои ин рафиқ боз якчанд пораро иқтибос мекунам, шояд ки ба дигар рафиқони саҳлгари арсаи сухан ва суханварӣ сабақ бошад: “Дар ҳеҷ донишгоҳи олӣ хушсаводи хушсалиқа(?) ҳангоми қабул(?) ноҳақ(?) баҳои ду нагирифтааст(?).” Дар ҷавоби ин даъвии соддалавҳона, ки агар дар ғояти нармӣ бигӯем, дар ниҳояти беэҳтиётӣ ба каломи модарии мо ифода ёфтааст ва мантиқи солим надорад, воқеан чи гуфтанамро намедонам.
Аз рӯи санадҳое, ки имрӯз ман дар даст дорам, метавон фельетон ҳам навиштан, мақолаи ғарро ҳам, аммо мақсади мо ин не, бародар!
Ман дар мақолаи худ чунин овардаам: “Айёми охир донишҷӯёне, ки ба факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва шарқшиносӣ дохил мешаванд, ҳадафи нафрат ва муҷиби маломати хурду бузург гаштаанд”. Ин ҷумларо нақл карда, У.Сафаров менависад: “Аҷабо. Ин хулоса зодаи кадом баҳс аст?” Бародарҷон, ин хулосаи бебаҳс аст! Дар олами маънӣ чунин хулосаҳо ҳам ҳастанд.
Агар вазир шарқшиноси шуморо “чархшинос” гӯяд, бовар надоред, ва агар адиб гӯяд, ки онон аксаран саводи

пешина
аз 393
навбатӣ