Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

култети иқтисодии УДТ бештар дучор омадаанд.
Чанде қабл аз ин котиби КМ ПК Тоҷикистон рафиқ Додобоев А.Д. ба воситаи телевизион бо тамошогарон муколама дошт. Як нафар аз чунин васвосиёни мансабталаб (фамилияи ӯро хотира накардам) ба котиб савол додаст, ки чаро 99 фоизи мансабҳои баланди партиявию давлатии республикаро намояндагони вилояти Ленинобод ишғол кардаанд. Рафиқ Додобоев дар ҷавоби ӯ доир ба вазифадорони ҳар як идораи баланд санаду далелҳои қатъӣ оварда гуфт, ки агарчӣ дар вилояти Ленинобод бештар аз 30 фоизи аҳолии республика маскун аст, дар идораҳои раҳбарӣ ҳамагӣ 14 фоиз намояндагони вилоятанд...
Инчунин шахсони дасисаҷӯ, иғвоандози халқ ва мансабталош аксаран касони дар ҷаҳлу нодонӣ вомонда, фикрторик ва муфтхуранд, мехоҳанд мансабҳои давлатиро барои манфиати шахсии худ ва наздиконашон сӯистеъмол кунанд ва ё аз ин қабил мансабдорон фоидаҳо дидаанд.
Ҳоло ақидаи умум ин аст, ки чунин касонро аз коргузорӣ бо ҷавонон дур кардан савоб аст. Агар мо ин амалро ба таъхир гузорем, саҳви бузург хоҳем кард.
(Ногуфта набошад, ки ин банда на аз аҳли вилояти шимоливу на аз ҷануб, балки аз Нуратои Самарқандам ва аз он ҷониб ҳеҷ яке дар ин миён ба мансаб нарасидаст ва ман ҳам чунин тамаъ надорам).
Ин чунин вазъияти гурӯҳбандӣ ва кинапарварӣ барои донишҷӯёни камхираду беқобилият шароити хубу созгор муҳайё мекунад.
Мегӯянд, ки инчунин донишҷӯён домани муаллимони ҳамдиёри худро сахт мегиранду надими доимӣ, хидматгузори беминнат ва дар миёни тӯдаи донишҷӯён чашму гӯши онҳоянд. Дар ивази чунин садоқати худ боз бо кӯмаки ҳамон муаллимон аз фанҳои муаллимони дигар ҳам баҳо мегиранду аз курс ба курс мегузаранд.
Ба ақидаи ман, маҳз чунин муаллимон дар байни

пешина
аз 393
навбатӣ