Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
дар имтиҳоноти хатми мактаби миёна аз фанни физика фақат ҷавоби саволҳои як билетро ба азобе қориёна ёд карда (фақат як билетро аз 25 билет!) баҳо гирифта будаст, имтиҳони физикаро дар Институти политехникии Тоҷикистон ба баҳои аъло супоридаст!..
Мо — ҳама нек медонем, ки ба донишгоҳҳои олии республикаи ҳамсоя — Ӯзбекситон солҳост, ки бе ришва ва “ошно” қариб ҳеҷ як довталабе дохил намешавад.
Агар имрӯз аз паи пешгирии ин касолат мутафиқона барнахезем, фардо ин “мараз” ба диёри мо низ сироят карданаш як амри воқеист.
Ҳоло биёем ба сари саволи дуюм: онҳое, ки ба дил шавқи илмомӯзӣ надоранд, агар ба қаллобӣ ба донишгоҳ дохил шуданд, панҷ соли расо чи гуна таҳсили илм хоҳанд кард? Дар воқеъ, агар таҳсил, имтиҳону санҷишҳо дар донишгоҳҳои олии мо виҷдонан, аз рӯи адолат, ба ростию дурустӣ асос мегирифт, аксари ин қабил дипломталабони коҳил ба даргоҳи донишгоҳҳо намеомаданд.
Айёми рукуду бозмонӣ дар мамлакат барои инчунин ашхоси имкониятҳои дилписанд фароҳам овард.
Агар ба донишгоҳ дусад нафар донишҷӯ қабул гардад, қариб ҳамаи он миқдор аз курс ба курс мегузашт ва оқибатуламр диплом мегирифт. Коидаи дерини мунтазам сара кардан, аз ғалбер гузарониданро аз миён бардошта буданд. Ин вазъият барои бюрократия, ҳаннотону қаллобон шароити дилхоҳе ба вуҷуд овард. Чунин вазъият имрӯз ҳам дар мактабҳои олӣ идома дорад. Бар замми ин дар баъзе донишгоҳу факултетҳо ришвахурӣ, ошнобозию маҳалпарастӣ авҷ мегирад. Баъзе муаллимон ҳатто ҳисси бадхоҳии худро ба навҷавонони маҳалҳои дигар дар ҳузури ҷамъ пинҳон намедоранд. Ин корро нишонаи тарбияи бад ва маънавиёти пасти ин касон донистан кам аст. Ин қабил авомфиребони “заҳрогин” дар байни ҷавонони соддадил тухми кинаю бадхоҳӣ мепошанд. Аз рӯи ахбори ҷавонон чунин омӯзгорон махсусан, дар фа-

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо