Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
бепартиявӣ бошад, оянда надорад...” Ҳукми аксар ин буд, ки дипломи мактаби олиро дар ҷайб зада, сонӣ дар ҳаёт бахти худро озмудан мумкин аст. “Бахт” гӯён онҳо мартабаи баланд ва раҳбарии идора ва ё корхонаеро дар назар доштанд.
Ҳамаи ин хулосаро андешида, ман аз он ки дар дили навҷавонон саҳву хатоҳои носавоби айёми рукуду бозмонӣ чуқур реша задаст, андӯҳгин будам. Аввалан, имтиёзҳои дар асл ғайриқонуние, ки мансабдорони хурду бузург барои худ ҷорӣ кардаанд, имрӯз ҷавононро ба роҳи ғалат раҳнамун гаштаст. Сониян, дар дили ҷавонон ақидае устувор гаштаст, ки гӯё мансаби баланд гарави осудаҳолӣ, таъмини фаровонӣ ва даромади иловагии беҳудуд аст. Дар ин ҷо баъзе қоидаҳои дар асл нодурусти идоравӣ, аз принципҳои демократӣ дур мондани коргузории мо натиҷаҳои номатлуби худро зоҳир кардаанд.
Ҳамин аст, ки ҳоло гурӯҳеро ба даргоҳи донишгоҳи олӣ на шавқи илмомӯзӣ, балки фикри мансаб ва муфтхӯрӣ овардаст.
Сипас, худ аз худ аз ҷавоби саволи аввал касро саволи дигаре ба забон меояд: ин қабил хомандешони аз овони ҷавонӣ дар фикри муфтхӯрӣ вомонда ба чи сон имтиҳоноти қабулро супорида, донишҷӯи донишгоҳи олӣ мешаванд?
Ба ин савол имрӯз ҳамаи навҷавонон бо як овоз ва хеле якранг ҷавоб мегӯянд: “Бо кӯмаки хешу табор, шиносу ошно, ришва дар ҷавоби хидмат-хидмат.” Аз ин хусус мисолҳои бисёре, далелу санади фаровоне метавон овард, аммо илоҷи ислоҳи ин кор осон нест. Инчунин касони ҳомидор ангуштшумор нестанд ва муқобилати ононро шикастан кори осон нест. Ин аст, ки он довталабон аз комиссияи конкурс гузашта, донишҷӯи донишкада шуданд ва собит кардани нолоиқии ҳамаи онон кори саҳл бошад ҳам, дар мо чунин қонуне нест. Ҳамин қадарашро гӯшзад кардан мехоҳам: як нафар довталабе, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо