Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ФАСЛИ ИЗТИРОБҲО
Ҳамагон нек медонем, ки як моҳи саратон барои навҷавонону духтароне, ки бо дили пурумед ба чорраҳаи орзуҳо баромадаанд, чи фасли пуризтироб аст. Имтиҳоноти қабул дар донишкадаҳои республика сол аз сол пурошӯбтар мешавад. Қариб ҳар сол қоидаҳои қабул такмил меёбанд, усулҳои нави имтиҳон, васоити техникӣ, шартҳои нав ба нав — ҳамаро ба кор мебаранд, то ба донишкадаҳо толибилмони беҳтарин дохил шаванд.
Чунин ба мушоҳада меояд, ки сафи ҷавонону духтарони толибилм сол аз сол меафзояд. Чаро аксари навҷавонону духтарон олимаълумот будан мехоҳанд? Онҳое, ки ба дил шавқи илмомӯзӣ надоранд, ба умеди киву чӣ ба даргоҳи донишкада меоянд?.. Вазъи шавқмандони илму ҳунар чи сон аст?
Солҳои охир ман аз навҷавонон ба ин саволҳо ва боз ба хеле саволҳои дигар ҷавоб меҷустам, бо ҳар яки ононе, ки дучор мекардам ва ошноӣ менамудам, аз ин хусус гуфтугузор доштам. Баъзе хулосаҳое, ки аз ин сӯҳбатҳо ва мушоҳадаҳо бардоштаам, дар назар қобили таваҷҷӯҳ менамоянд. Ва ҳоло ман аминам минбаъд аз он масълаҳо чашм пӯшидан ҳаргиз мумкин нест, дар ин боб бепарвоии мо ба оқибати нохуш хоҳад овард.
Инак, биёем ба сари саволи нахуст: чаро аксари навҷавонону духтарон олимаълумот будан мехоҳанд?
Барои музди баланди кор? На. Баъзан музди кори инҷинер аз музди кори коргари соҳибихтисос камтар аст.
Ҷавоби бисёр навҷавонон тақрибан чунин буд: гап дар музди кор не: дар ин айём бо музди кори худ зиндагии мӯҳташам ғайриимкон аст; коргар, агар даҳ ангушташ ҳунар бошад ҳам, ба ҷуз муздаш даромади иловагӣ надорад ё дошта бошад ҳам, он хеле ночиз аст; “Аз музди кор кӣ мошин гирифтаст? — савол мекард яке. Ҳатто гурӯҳе мегуфтанд: “Одам агар бе маълумоти олӣ ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо