Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

донишҷӯён дустии самимӣ ва сидқу самимиятро барҳам мезананд ва барои ҷумҳурӣ шумори мутахассисони ба касбу кори ҳалол ноқобил, шаҳрвандони пасттинату зиёиёни пастфитратро зиёд мекунанд.
Сабаби дигари рушду камоли ин қабил донишҷӯёни бефазлу беҳунар баъди хатми донишгоҳ аз рӯи қобилияту дониш тақдир наёфтани хатмкунандагон аст. На дар вазоратҳо, на дар шӯъбаҳои маориф ё дигар идораҳо, на дар комитетҳои партиявии ноҳиявӣ ҳангоми пешбарии кадрҳо ба баҳоҳои дипломи онон наменигаранд — фарқи собиқ аълохону бадхон ба якбора барҳам мехурад ва ҳама дар арсаи рӯзгор гӯё баробар мегарданд. Инчунин баробарӣ қадри донишу ҳунар ва омӯзишу ранҷовариро дар назари авлоди навҷавон ҳеҷ мекунанду бас. Баробари ҳамин дар назари онҳо принципҳои асосии рӯзгори мо
— ростию дурустӣ, адлу инсоф — ҳама ҳеҷу пуч мегардад, мактабу тарбия, устоду таълими мо дастгоҳи бекора ва асбоби зиллат мешавад.
Айёми охир донишҷӯёне, ки ба факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва шарқшиносӣ қабул мешаванд, ҳадафи нафрат ва муҷиби маломати хурду бузург гаштаанд.
Ҳар сол ба факултети ҳуқуқшиносӣ зери 700-800 нафар довталабон ҳуҷҷат месупоранд. Барои ҳар як ҷой қариб даҳ тан довталабон талош мекунанд. Мебоист, ки ба курсии донишҷӯёни факултет донотарини доноён бишинанд. Аммо вазъият куллан баръакс аст — ноқобилони хомтамаъ ва бевуқуфтарини бевуқуфон дар мусобиқаи конкурси ин факултет ғолиб мебароянд. Ман аминам, агар ғолибони конкурси имсолро холисона, ҷиддан имтиҳон кунем, аксаран саводи саҳеҳ надоранд.
Ин ҳолро ҳама медонанд, аммо касе ба ислоҳи ин вазъият даъват намекунад. Чаро баъди анҷоми конкурс қабулшудагонро боре муаллимони холис имтиҳон карда сараву қалби онҳоро имтиёз накунанд?!
Солҳои сол кори вазорати алоқа, фурудгоҳ ва ба ин-

пешина
аз 393
навбатӣ